Як зани солхӯрда дар Туркманистон дар навбати бонкомат фавтид

Дар Туркманистон камчинии нақдина дар бонкоматҳо рӯз аз рӯз бештар мешавад.

Дар ноҳияи Фороби вилояти Лебапи он кишвар дар натиҷаи занозании миёнаи навбатпоёни пушти бонкомат як зан фавтид. Дар шаҳри Ишқобод сарфи назар аз мушкили нақдина ва норасоии бонкоматҳо, мақомот теъдоди бонкоматҳоро кам мекунанд.

“Дар Фороб ҳамарӯзи теъдоди зиёди одамон назди бонкоматҳо навбатпоӣ мекунанд. Зери офтоби сӯзони 45 дараҷаӣ одамон соатҳо навбат мепоянд ва гоҳҳо занозанӣ ҳам мекунанд. Ҳафтаи ҷорӣ дар як занозанӣ зани солхӯрдае фавтид”,-гуфт як сокини Фороб.

Ба гуфтаи вай, ин ҳодиса рӯзи 22 июл рух додааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.