Якбора ва тез-тез иваз шудани боду ҳаво боиси хуруҷи бемориҳои аллергологӣ мегардад

 ДУШАНБЕ, 26.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дохил шудани ҳавои сард аз тарафи Урали Федератсияи Россия  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси якбора тағйир ёфтани вазъи ҳаво, боридани борон дар шаҳри Душанбе, қисми зиёди минтақаҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд гардид. Ба гуфтаи  сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева дар натиҷаи ворид шудани ҳавои сард дар як қатор доманакӯҳҳои вилояти Хатлон  борон борида, дар қисмати ҷанубии  ин вилоят дар натиҷаи шиддат гирифтани шамол чангу ғубор  ба амал омад.

«Чунин вазъи ҳаво хоси моҳи август набуда, дар солҳои ҷудогона дар натиҷаи дохилшавии фронти атмосферӣ ва ҳаракат кардани он тағйир ёфтани вазъи ҳаво мушоҳида мегардад. Чунин ҷараёнҳои атмосферӣ, ки дар моҳи июл ва август тез- тез ба қайд гирифта шуд, на ҳамасола ба чашм мерасад»,- афзуд номбурда.

Бино ба иттилои манбаъ, 27 август бориш қатъ шуда, нимаи дуюми рӯз дар қисми зиёди ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш  ва дар баъзе ҷойҳо тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Рӯзҳои баъдӣ низ каму беш баландшавии вазъи ҳаво дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон дар  назар аст

Ба андешаи мудири шуъбаи иттилоот ва робта бо ҷомеаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Сафаралӣ Абдулло, зуд-зуд иваз шудани боду ҳаво боиси хуруҷи  як қатор бемориҳои аллергологӣ, ба монади асмаи бронхиалӣ ва палиносҳо мегардад.

Дар ин гуна вазъият тавсия дода мешавад, ки шахсони бемор дар хона нишаста, зиёд оби ҷӯшомада нўшанд.

«Саломатии инсон то андозае аз боду ҳаво вобастагӣ дошта, дар ҳолати аз ҳад зиёд гарм шудани ҳаво ва хокбориш метавонад боиси бемориҳои мавсимӣ: дилу рагҳо, диққи нафас, диабети қанд, фишорбаландӣ ва дигар маризиҳо гардад. Нафароне, ки дар ин гуна боду ҳаво аз бемориҳои мазкур ранҷ мекашанд, бояд ба сиҳатии худ зиёдтар аҳамият дода, аз рўйи маслиҳати  табибон амал намоянд»,- гуфт Сафаралӣ Абдулло.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.