Яке аз осебдидаҳои ҳодисаҳои ахир дар Қирғизистон ба ҳалокат расид

Яке аз осебдидаҳои ҳаводиси шаби 6-уми октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба ҳалокат расид. Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, “шахсияти марди фавтида номаълум” аст ва ӯ аз сараш осеби сахт дидааст.

Ба огаҳии вазорат, табибони Бишкек то субҳи 6-уми октябр ҷамъан ба 590 кас ёрии аввали тиббӣ расонидаанд, ки 439 нафарашон баъд аз дарёфти кумаки тиббӣ аз беморхона рухсат шуданд.

Шумори бистаришудаҳо ба 150 расида, 13 нафар дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода шуд, ки дар миёни осебдидагон табибон, аз ҷумла кормандони “Ёрии таъҷилӣ”-и Бишкек низ ҳастанд.

Садҳо фаъоли ҷамъиятӣ ва ҷонибдорони ҳизбҳои сиёсӣ рӯзи 5-уми октябр бо нишони эътироз аз натиҷаҳои интихобот дар майдони Ала-Тоои шаҳри Бишкек ҷамъ омаданд.

Пулис шоми 5-уми октябр талош кард, ҷамъомадагонро пароканда кунад. Эътирозгарон муқовимат нишон дода, бинои ҳукумат, порлумон ва Кумитаи амнияти миллии Қирғизистонро “ғасб” карданд.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар пайи ин ҳаводис бо нашри изҳороте ибрози умед кард, ки нерӯҳои сиёсӣ “сулҳ ва субот” дар он кишварро ҳифз хоҳанд кард. Сухангӯйи вай Толгонай Стамалиева хабар дод, ки президенти Қирғизистон вазъро назорат дорад. Дар ҳоли ҳозир маҳалли будубоши Ҷеенбеков маълум нест, вале сухангӯяш гуфт, ки ӯ дар Қирғизистон аст.

Дар Қирғизистон 4-уми октябр бо иштироки намояндагони 16 ҳизби сиёсӣ интихоботи порлумонӣ баргузор гашт. Мақомот гуфтанд, танҳо чор ҳизб ба порлумон роҳ ёфтанд. Дар натиҷа ҳизбҳои боқӣ норозигии худро ба натиҷаҳо эълом ва ҷонибдоронашонро ба тазоҳурот даъват карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.