Ятимов ба Кобул рафт. Эмомалӣ Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ гуфтугӯ кард

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов барои гуфтугӯ бо мақомоти афғон ба Кобул рафтааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам бо ҳамтои афғонаш Ашраф Ғанӣ телефонӣ гуфтугӯ кардааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон дар сафҳаи “Фейсбук”-и худ навишт, ки дар мулоқот бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов, дар мавриди талошҳои сулҳ, охирин таҳаввулот дар музокироти Давҳа, вазъияти амниятӣ, робитаҳои дуҷониба ва вазъи марзи миёни Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳсҳо сурат гирифт.

Ҷузъиёти бештари ин мулоқотҳо ҳанӯз маълум нест. Ҷониби Тоҷикистон то кунун ба таври расмӣ дар мавриди сафари Саймуъмин Ятимов ба Кобул хабаре нашр накардааст. Ин дувумин сафари оқои Ятимов дар шаш моҳи ахир ба Афғонистон аст. Ҳайати Тоҷикистон бо раҳбарии Ятимов рӯзҳои 9-11 сенябри соли гузашта низ ба Кобул сафар карда, бо мақомоти афғон гуфтугӯ карда буд.

Сафари раҳбари амниятиҳои тоҷик ба Кобул дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 11-уми феврал президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои афғонаш Ашраф Ғанӣ телефонӣ суҳбат кард. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, раванди сулҳи байниафғонӣ, ҳифзи марзҳои давлатӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин тарҳҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, аз мавзӯъҳои мавриди гуфтугӯи ҷонибҳо будааст.

Манбаъ мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ дар мавриди ҳамкорӣ дар бахши амният гуфтугӯ намуда, вазъи кунунӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ дар масъалаи баргузории Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё – Раванди Истамбул”, ки қарор аст охири моҳи марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор шавад, гуфтугӯ кардаанд. 

Ин дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран гуфтугӯҳо миёни намояндагони ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон дар Давҳа ба мушкил рӯбарӯ шудааст. Бархе аз мақомоти афғон Толибонро муттаҳам карданд, ки ба ҷанг дар фасли баҳор омодагӣ мегиранд. Тоҷикистон дар гузашта гуфта буд, ки аз раванди сулҳ дар дар Афғонистон бо раҳбарии ҳукумати он кишвар ҳимоят мекунад.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Дар кишвари ҳамсоя беш аз чиҳил сол боз ҷанг идома дорад ва талошҳо барои созиши сулҳ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Мақомоти тоҷик ҳамвора аз таҷаммуи ҷангиёни хориҷӣ дар марзҳояш бо Афғонистон, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, нигаронӣ мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.