Ятимов бо мақомоти афғон ҳамкориҳои марзӣ ва мубориза бо терроризмро баррасӣ кард

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Кобул сафар карда, бо мақомоти афғон гуфтугӯ кардааст.

Дар хабаре, ки рӯзи панҷшанбеи 10-уми сентябр дар сайти расмии Вазорати дифои Афғонистон нашр кард, гуфта мешавад, ки Асадуллоҳ Холид, сарпарасти Вазорати дифои он кишвар ва Саймуъмин Ятимов дар бораи ҳамкориҳои марзӣ, мубориза бо терроризм ва мавзуи сулҳ гуфтугӯ кардаанд.

Дар ин идомаи ин хабар омадааст, ки сарпарасти Вазорати дифои Афғонистон аз ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Афғонистон дар бахшҳои гуногун изҳори итминон карда, бар идомаи ҳамкориҳои ду кишвар таъкид намудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар робита ба ин сафари оқои Ятимов ва муҳтавои гуфтугӯи ӯ бо мақомоти Кобул хабаре нашр накардаанд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2018 низ ба Кобул сафар карда, бо мақомоти баландояи Афғонистон роҷеъ ба масоили минтақавӣ гуфтугӯ карда буд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Дар кишвари ҳамсоя беш аз чиҳил сол боз ҷанг идома дорад ва талошҳо барои созиши сулҳ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Мақомоти тоҷик ҳамвора аз таҷаммуи ҷангиёни хориҷӣ дар марзҳояш бо Афғонистон, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, нигаронӣ мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.