Ёҳаннис дар роҳ ба сӯи пирӯзӣ дар интихоботи Руминия

Клаус Ёҳаннис, раиси ҷумҳури ғарбгарои Руминия зоҳиран дар даври дуввум интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пирӯз мешавад. Дар интихоботи рӯзи 24-уми ноябр ӯ бо Виорича Данчила номзади чапгарое рақобат мекунад, ки то моҳи гузашта нахуствазир буд.

Ҳукумати ӯ ба сабаби мубориза нокофӣ бо фасоду ришвахорӣ ва дигар мушкилот аз ҳам пошид. Даври дуввуми раёсати ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки Руминия дигарбора ба самти ҳамгироӣ бо Аврупо ҳаракат кунад. Дар чанд соли гузашта ҳукуматдории чапгароён дар кишвар бо фасодкории густурда ва ҳамлаи саросарӣ ба низоми додгоҳӣ олуда буд.

Клаус Ёҳанниси 60-сола омӯзгори собиқи физика ва раиси собиқи шаҳри Сибиу аст.  Дар чаҳор соати аввали раъйдиҳӣ 11 дар сади бештар аз 18 миллион нафар аз мардуми ҳаққи раъй дар интихобот ширкат кардаанд ва дар муқоиса ба даври аввал фаъолтар будаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.