Ёрии изтирории СБП ба Тоҷикистон

Сандуқи байналмилалии пул як барномаи нави кӯмаки изтирорӣ ба кишварҳои нодорро қабул кард, ки барои муқобила бо паёмадҳои пандемия нигаронида шудааст. Ба иловаи кӯмак дар бозгардони қарзҳо, ин ёриҳо барои дастгирии кишварҳои ниёзманд ба кӯмакҳои тиббӣ ҳам нигаронида шудааст. Афғонистон ва Тоҷикистон дар миёни кишварҳое мебошанд, ки аз ин ёриҳо бархӯрдор шуданд. Ҳаҷми кӯмакҳое, ки ба Тоҷикистон карда шудааст, феълан нашр намешавад.

Дар як таҳаввулоти ҷудогона,  26 кишвари мухталиф аз ИМА ва давлатҳои ғарбӣ тақозо карданд, ки таҳримҳоро бекор кунанд, то ки ин кишварҳо дар шароити пандемия  битавонанд вазъи худро беҳтар кунанд. Дар садри ин даъватҳо Чин қарор дорад, ки рӯзи 5-уми октябр ин масъаларо дар сатҳи кумитаҳои ҳуқуқи башари маҷмаи кулли  СММ матраҳ кард. Сафири Чин дар СММ гуфт, ки таҳримҳо қонунҳои СММ-ро дар заминаи таъмини ҳуқуқ барои зиндагии шоистаи мардумро нақз мекунад.  Аз ин даъватҳо Эрон, Русия, Сурия  ва дигар кишварҳое дастгирӣ карданд, ки мавриди таҳримҳои бисёрҷонибаи ИМА,  Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳои ғарбӣ қарор гирифтааст.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.