Ёрии USAID барои муқобила бо бемории сил дар беморхонаву зиндонҳои Тоҷикистон

USAID – Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ рӯзи 27-уми апрел 21 бо нашри изҳороте гуфт, ба  хотири муқобила бо бемории сил дар беморхонаву зиндонҳои Тоҷикистон  таҷҳизоти техникии вижаи мушаххаскунандаи ҳолатҳои бемории сил тақдим кардааст. Ин ёриҳо дар доираи “Лоиҳа оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ”  ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва шӯъбаи тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ин кишвар тақдим шудааст.  Дар миёни таҷҳизоти тақдимшуда  “телефонҳои хушманд ва планшетҳо барои зуд дарёфт ва табобат кардани ҳолатҳои бемории сил, дастгоҳ барои гузаронидани видео-конфронсҳо ва таҷҳизот барои назорати микроиқлим иборат буда, аз ҷониби кормандони саҳроӣ ва ҳайати кормандони шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ истифода бурда мешаванд”.

Дар изҳорот таъкид шудааст, ки  Тоҷикистон ба феҳристи  30 кишваре шомил мешавад, ки  аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун дорои ҳолатҳои вазнини бемории сили ба доруворӣ устувор ва бемории сили ба дорувориҳои сершумор устувор муайян гардидааст. Дар Тоҷикистон 7700 ҳолати бемории сил тахмин шудааст, ки дар натиҷа солона ба тақрибан 730 ҳолати фавт аз бемории сил мерасонад.

Ба иттилои Стратегияи ислоҳоти низоми адои ҷазо дар Тоҷикистон, дар зиндонҳои ин кишвар ҳоло 750 маҳбус гирифтори сил аст ва 218 нафар вируси норасоии масунияти бадан (HIV-СПИД) доранд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.