Ёсихидэ Сугаи 71-сола – сарвазири нави Ҷопон

Порлумони Ҷопон рӯзи 16 сентябр раиси нави ҳизби ҳокими либерал-демократӣ Ёсихидэ Сугаро ба ҳайси сарвазири нави кишвар интихоб кард.

Аксари вакилон аз номзадии вай ҷонибдорӣ карданд. Ёсихидэ Сугаи 71-сола дар мақоми сарвазирӣ Синдзо Абэро иваз кард. Абэ бино ба вазъи сиҳатиаш чанде пеш ба истеъфо рафт.

Субҳи имрӯз ҳукумати Ҷопон низ ба истеъфо рафт, ки таҳти роҳбарии Абэ фаъолият мекард.

Интизор меравад, Суга дар фурсатҳои наздик ҳукумати навро ташкил диҳад. Эҳтимол дорад, ки бештаре аз вазирони ҳукумати Синдзо Абэ курсиҳои худро ҳифз кунанд.

Суга ваъда дод, барномаҳои ҳукумати Абэро амалӣ месозад ва бюрократияро коҳиш медиҳад.

Суга дар гузашта дабири кулли ҳукумати Ҷопон ва вазири корҳои хориҷии он кишвар буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.