YouTube ду шабакаи олмонизабони RT-ро барои иттилои ғайривоқеӣ пок кард

  

Вебсайти видеопарокании YouTube ду шабакаи олмонизани Русияро, ки аз ҷониби ширкати давлатии  RT (Russia Today – “Имрӯзи Русия”) идора мешуд, пок кард ва боиси вокунишҳои Маскав гардид. Динара Токтосунова, мудири  RT DE, яке аз ду шабакаи аз YouTube бардошташуда дар ин бора аввал рӯзи 28-уми сентябр тавассути  Telegram канал хабар дод. Ширкати амрикоии Google, ки молики YouTube аст, гуфт,  саҳифаҳои ду шабака – RT DE ва Der Fehlende Part (“Пораҳои нопадидшуда”)-ро ба он хотир аз ин пойгоҳ берун кард, ки дар бораи COVID-19 иттилои дурӯғин нашр карданд.

Google гуфт, дар огаҳиаш ба  RT DE гуфт, ки қоидаҳоро вайрон мекунад ва муваққатан имкони нашри матолиб дар саҳифаи ин шабакаро бозмедорад. Вақте RT талош кард, ки ин монеаро убур карда дар  Der Fehlende Part як чунин маводе нашр кунад, ҳардуи онро пок кард. Дар ин бора сухангӯи  YouTube ба шабакаи олмонии Deutsche Welle хабар дод, ки ба 30 забон барномаҳо таҳия мекунад.

YouTube ба Deutsche Welle гуфтааст, ки иҷоза намедиҳад, ки дар ин пойгоҳ маълумоти тиббиву беҳдоштие нашр кунад, ки  бо иттилои “мақомоти беҳдошти маҳаллӣ ваё Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи COVID-19 дар ихтилоф мебошад”.

Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки аз сохторҳои давлатӣ тақозо мекунад, ки нисбати YouTube ва матбуоти олмонӣ иқдоми ҷавобӣ кунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.