Юлия Навалная барои ширкат дар эътирозҳо ҷаримабандӣ шуд

Як додгоҳ дар Русия ҳамсари Алексей Навалний – Юлия Навалнаяро барои ширкат дар намоиши эътирозии иҷозатношуда ҷаримабадӣ кард. Навалная рӯзи 31-уми январ дар қатори даҳҳо нафари дигар дар раҳпаймоии эътирозӣ аз зиндонӣ шудани ҳамсараш иштирок кард. Додгоҳи Шербинскии шаҳри Маскав як рӯз баъди боздошти Навалная дар ҳукми худ аз 1-уми феврал гуфт, ки ин зан дар ҳаҷми 20 ҳазор рубл, муодили 265 доллар ҷаримабадӣ мешавад. Эътирози мардум 31-уми январ ба ҳукми ҳабси 30-рӯзаи ӯ рабт дорад. Дар шиорҳои мардум норизоият аз ҳукумати президент Владимир Путин ва фасоду паст будани сатҳи зиндагӣ ҳам садо дод.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.