Юлия Навалная дар бораи бад шудани саломатии шавҳараш: «Ин қасдгирӣ аст»

Олга Михайлова, яке аз вакилони дифои Алексей Навалний, мунаққиди зиндонии Кремлин, рӯзи 25-уми март гуфт, ки зерҳимояаш инак чандин ҳафта аст, ки аз дарди сахти миён ва пои росташ азият мешавад ва саломатии ӯ мавриди нигаронии ҷиддӣ мебошад. Олга Михайлова ва Олег Кобзев – дигар вакили дифои сиёсатмадори оппозитсионӣ тавонистанд, ки бо Навалний дар зиндони шаҳри Покрови вилояти Владимир дидор кунанд. Баъди ин дидор вакилон гуфтанд, ки Навалний инак як моҳ мешавад, ки аз дарди сахт азият мешавад, вале худи ӯ он замон ба вакилонаш фош кардани ин хабарро манъ кардааст.

Михайлова гуфт, «зонуяш аз кор мемонаду пояш беҳаракат мешавад. Яъне як пояш кор намекунад ва ӯ шиштаву хеста наметавонад». Ба гуфтаи ӯ, аз маводи дорувор ба Навалний танҳо доруи дардро камкунандаи  «Ибупрофен»-ро ба шакли қурс ва малҳам медиҳанду халос. Рӯзе пеш аз мулоқот бо вакилон пои ӯро рентген карданд, вале натиҷаашро нагуфтанд.

Тарафдорони Навалний инчунин бо ризоияти ӯ матни аризаҳои ӯро ба номи раиси зиндон ва раҳбари хадамоти зиндонҳои Русия нашр карданд. Дар аризаи аввал навишта шудааст, ки ҳанӯз аз 25-уми феврал аз дарди миён азият мешавад, вале тақозои ӯ барои он ки  ӯро мутахассиси даъватшудаи пажӯҳишгоҳи Сеченов бубинад, рад шудааст. Навалний гуфтааст, ки рад шудани вуруди табиб ва набуди муолиҷаи дуруст ҳуқуқи ӯро ба гирифтани ёрии тиббӣ поймол мекунад ва ақомот бо ин амалашон ӯро азият мекунанд.

Дар аризаи дуюмаш Навалний дархост кардааст, ки ӯро  аз мақоми «шахси моли ба фирор» озод кунанд. Ӯ гуфтааст, ки ҳар соат ӯро як нозир омада бедор мекунад ва ин амали онҳо шиканҷа аз роҳи бехоб кардани ӯ мебошад.

Ҳамсари Навалний – Юлия Навалная баъди нашри санадҳо аз президенти Русия Владимир Путин тақозо кард, ки шавҳарашро «билофосила озод кунанд». Ӯ дар Инстаграм навишт: «Он чи ки ҳоло мегузарад, қассосгирии шахсӣ аст ва мо шоҳиди он ҳастем». Ӯ инчунин гуфт, ки ба наздиконаш иҷоза намедиҳанд, ки ба шавҳараш доруву дармон ва ҳам нақшаи машқҳои ҷисмониро ба зиндон интиқол диҳанд.

Маълум нест, ки сабаби ба дарди миёну пой гирифтор шудани Навалний дар чӣ аст. Ин сиёсатмадори мунаққиди Кремлин моҳи августи соли 2020 бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз заҳри низомӣ дар як беморхонаи Берлин бистарӣ шуд. Баъди анҷоми муолиҷаву давраи эҳёгарӣ ӯ ба Маскав баргашту ҳамон замон боздошт шуд. Моҳи феврал додгоҳе дар Маскав гуфт, ки Навалний ҳукми ҳабси шартии соли 2014-ро нақз кард ва ба ин хотир, давоми 2,5 соли баъдӣ дар зиндони воқеӣ хоҳад буд. Охири моҳи феврал ӯро аз Маскав ба зиндони Покров интиқол доданд.

Рӯзи 25-уми март як гурӯҳ ходимони фарҳангу ҳунар ва фаъолони ҷамъиятӣ дар Русия дар муроҷиати хаттӣ аз раҳбарияти низоми зиндонҳову масъули ҳуқуқи башари кишвар хостанд, ки Навалнийро дар шароити дуруст нигаҳдорӣ кунанд. 158 имзогузори ин муроҷиат гуфтаанд, талаботи ҳар соат санҷидани Навалний дар ҷои хобаш «як шиканҷаи сангини равониву ҷисмонӣ мебошад».

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.