ЮНИСЕФ ба Қирғизистон дар дастрас кардани ваксинаи зидди COVID-19 кӯмак мекунад

150 ҳазор вояи ваксинаи зидди COVID-19 мумкин аст, то 20 июн аз Чин ба Қирғизистон оварда шавад. Дар ин бора вазири тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшаналиев хабар дод. Вай гуфт, дар дастрас кардани ваксинаҳо ЮНИСЕФ кӯмак мерасонад.

Чанде пеш хабар дода шуд, ки Қирғизистон дар дастрас кардани бастаи дувуми ваксинаҳои Sinopharm ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудааст. Он кишвар барои дастрас кардани ваксинаҳо ёрии башарӣ дархост кардааст.

Моҳи марти соли ҷорӣ Чин дар ҳаҷми 150 ҳазор воя ваксинаи Sinopharm ба Қирғизистон кӯмак расонид. Рӯзи 11 май хабар дода шуд, ки Чин бастаи дувуми ваксинаҳоро ба Қирғизистон ҷудо кардааст.

Қирғизистон ҳамзамон ваксини русии “Спутник V” истифода мекунад. Ваксиназанӣ дар он кишвар 29 марти соли ҷорӣ шуруъ шуд. То ин замон наздики 90 ҳазор кас ваксина гирифтааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.