ЮНИСЕФ бо Толибон барои таълим додани духтарон мувофиқат кардааст

ЮНИСЕФ, хазинаи кӯдакони Созмони милали Муттаҳид бо гуруҳи Толибон барои таълими ҳудуди 100 ҳазор наврас, аз ҷумла духтарон дар Афғонистон созиш кардааст.

Сом Морт, сухангӯи ЮНИСЕФ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳудуди 680 синфхонаҳои ҷамъиятӣ фаъоланд ва тасмим доранд, ки шумораи онҳоро ба чор ҳазор расонанд.

Ба гуфтаи масъули ЮНИСЕФ, аксари синфхонаҳо дар деҳоти дурдаст ва дар манзилҳои зисти сокинон ташкил шудаанд ва шумораи хонандагон дар онҳо аз 25 то 30 нафарро ташкил медиҳанд.

Ӯ гуфт, ки ин синфхонаҳо мактаб нестанд, вале аз барномаи таълимӣ истифода мекунанд.

Ба гуфтаи Сом Морт, ҳадафи онҳо ҷалби бештари духтарон дар манотиқи таҳти назорати Толибон ба таҳсил аст.

Гуруҳи Толибон солҳо боз бо ҳукумати Афғонистон меҷанганд ва қисматҳои зиёди ин кишварро таҳти назорат доранд.

Намояндагони ин гуруҳ ҳоло бо намояндагони давлати Афғонистон барои созиши сулҳ ва поёни ҷанг дар Афғонистон дар Қатар музокира мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.