ЮНИСЕФ ва СҶТ ба Тоҷикистон 4,6 млн моя ваксинаи зидди фалаҷ доданд

Намояндагии ЮНИСЕФ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтанд, ба Тоҷикистон 4,6 миллион доза ваксинаи зидди фалаҷ додаанд. Тоҷикистон дар шароите ин ваксинаҳоро дастрас мекунад, ки СҶТ мегӯяд, ба сабаби сирояти бемории полиомелит ва ё фалаҷи атфол ба шаш кӯдак дар Тоҷикистон, дар кишвар вазъи фавқуллодаи дараҷаи дуввум эълон кардааст.

Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо нашри хабарномае гуфт, ваксинаҳои зидди фалаҷ рӯзи 23-юми май ба Душанбе расиданд. “Ин ваксинаҳо дар маъракаи зидди фалаҷ-полиовирус истифода мешаванд, ки моҳи май-июли соли 2021 пешбинӣ шудааст. Дар ҷараёни маърака, дар нақша аст, ки 1,4 миллион кӯдакони то шашсола аз фалаҷ ваксинатсия карда шаванд”,-омадааст дар хабари расмӣ.

Қарор аст маъракаи эмгузаронии зидди бемории фалаҷ ду давра аз 31-уми май то 5-уми июн ва давраи дуввум аз 28-уми июн то 3-юми июл давом кунад.

Тоҷикистон моҳи феврали соли 2021 ваксинзании саросарӣ ба зидди бемории фалаҷи атфолро анҷом дод, то кӯдакон аз навъи дуввуми фалаҷ эмин бошанд.

Вале Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) моҳи март хабар дод, ки дар Тоҷикистон камаш шаш мавриди гирифтории кӯдакон ба фалаҷи атфол (навъи дувум)-ро сабт кардаанд. Мубталоён кӯдакони аз 3 то 5-сола ва дар вилояти Хатлону шаҳри Ҳисор ҳастанд.

Тоҷикистон аз соли 2002 кишвари орӣ аз фалаҷи атфол ва ё полиомелит эълон карда буданд, ҳарчанд то соли 2010 мавридҳои алоҳидаи сирояти беморӣ ва маргу мири кӯдакон аз он сабт шуда буд. Бори охир ва 11 сол пеш дар кишвар вируси ин беморӣ ба 458 кӯдак сироят кард ва 29 нафари онҳо фавтиданд. Дар миёни 458 нафар тақрибан нисфи онҳо кӯдакони аз 1 то 5-сола будаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.