Заҳролудсозии боз як муннақиди Путин бо истифода аз “Новичок” фош шуд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Тадқиқотгарони The Insider ва Bellingcat исбот  карданд, ки ФСБ ҳудуди як сол нависанда ва озодандеши рус Дмитрий  Биковро дар сафарҳояш пайгирӣ мекардаанду аломатҳои заҳролудшавии ӯ ба заҳролудсозии Алексей Навалний бо истифода аз аслиҳаи қаттли омми навъи “Новичок” хеле монанд будаанд.

 

  • Аз тадқиқоти рӯзноманигории ду тим бармеояд, ки нависандаи ҷонибдори ҷунбиши демократӣ дар Русия дар давоми як соли пеш аз заҳролудшавӣ таҳти назорати давлат қарор дошт. Назорати ӯ ба уҳдаи афсарони Хадамоти дуввуми ФСБ Владимир Паняев ва Валерий Сухарев (тахаллусаш Николай Горохов), инчунин Иван Осипов аз НИИ-2 ФСБ вогузор шудааст.
  • Маълумоти сабти парвози ҳавопаймоҳо, ки дар ихтиёри рӯзноманигорон қарор гирифтааст, нишон медиҳад, ки  моҳи майи соли 2018 то апрели соли 2019 ин нафарон Биковро ҳадди ақал ҳашт маротиба дар сафарҳояш ба саросари Русия ҳамроҳӣ мекарданд.
  • “Онҳо ҳадди аққал як сол пеш аз заҳролудшавӣ аз паи Биков шуданд. 20-уми майи соли 2018, соати 9:35 субҳ Биков аз Москва ба Уфа парвоз кард, то ба кӯдакон ва волидони онҳо дар бораи Карлсон, ки дар бом зиндагӣ мекунад, лексия хонад. Якҷоя бо ӯ афсарони нотарси Хадамоти дуюми ФСБ (барои мубориза бо хатарноктарин экстремистҳо ва террористон пешбинӣ шудаанд) парвоз карданд. Владимир Паняев бо номи худ  ва Валерий Сухарев бо шиноснома ба номи Николай Горохов.  Бархилофи амалияи муқарраршуда, он вақт онҳо бо Биков бо як тайёра парвоз карданд (баъд онҳо ин корро ба худ иҷозат надоданд ва рӯзи дигар бо парвозҳои гуногун бармегаштанд – Биков шому афсарони ФСБ нисфирӯзӣ,- навиштаанд тадқиқотгарон.
  •  Заҳролудкунии либоси нависанда рӯзи 14 уми апрел дар меҳмонхона сурат гирифтааст, вале ӯ рӯзи дигар он либосро ба бар накардааст, балки ба эҳтимоли зиёд рӯзи 16 апрел онро пӯшидааст. Рӯзе, ки нависанда дар фурудгоҳи Екатеринбург рафт ва барои парвоз ба Уфа омодагӣ мегирифт. Ӯ ҳамонҷо эҳсоси беморӣ мекунад.
  • “Ҳамин тариқ,  байни лаҳзае, ки Биков аз хоб бедор шуда, либос пӯшид ва нишонаҳои аввалияи заҳролудшавӣ тақрибан 2,5 соат гузаштанд (тақрибан амин қадар дар мавриди заҳролудшавии Навалний гузашт, каме бештар – тақрибан се соат – дар ҳолати аввал заҳролудшавӣ аз Кара -Мурза) “, – менависад The Insider.
  • Аломатҳои заҳролудшавии Биков дар ҳавопаймо ба  ҳодисаи бо Навалний рӯйдодаро хеле монанд мебошанд: ӯ ба сахти нафас мекашид, калон-калон арақ мекарду ва дар ниҳоят рӯи фарши  растаи ҳавопаймо хобид. Дар мошини ёрии таъҷилӣ Биков футболкаашро кашидааст ва ин иттифоқ, ба гуфтаи рӯзноманигорон,  ҷони ӯро наҷот додааст.
  • Маврид ба зикр аст, ки мисли қазия Навалний дар ин ҳодиса низ мақомот кӯшиш карданд, ки дар интиқоли ӯ монеа эҷод кунанд, вале муяссар нашудаанд, зеро сармуҳаррири “Новая газета”, ки Дмитрий Биков онҷо кор мекунад, тайёраи хусусӣ ташкил карда, аз робитаҳои хусусияш бо кадоме аз мақомдорони сернуфуз истифода кардааст.
  • Афсарон Паняев, Сухарев ва Осипов ба дархостҳои The Insider ва Bellingcat барои шарҳ посух надоданд.
  • Нависанда Биков дар саҳфаи фейсбукияш бо тамасхур заҳролудшавияшро “қадрдоние, ки набояд онро қабул кард” номид.
  • Мақомоти Русия айни ҳол аз шарҳи расмии қазия, ки ҳодисаи навбатии истифода аз маводи кимиёии мамнуъ мебошад, худдорӣ мекунанд.

 

 

 

The post Заҳролудсозии боз як муннақиди Путин бо истифода аз “Новичок” фош шуд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.