Забони кӯчабозорӣ ва беэҳтиромии нашрияи “Тоҷикистон” ба корбарон

  • Манбаъ: “Тоҷикистон”
  • Манобеи молӣ: Ҳисоботи молӣ нашр намекунад

Маводи таҳқиқшаванда

Духтаре худро ба дарёи «Душанбенка» партофт…

MediaMarker

Сомонаи нашрияи “Тоҷикистон” аз ҳодисаи худро аз болои пул ба дарё андохтани духтаре дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод. Ростиозмоӣ ва нақди расонаии матлаб собит карданд, ки:

  • Манбаъи ин хабар рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ Завқибек Саидаминӣ мебошад, ки хабарро бо чанд акс дар саҳфаи фейсбукияш интишор кардааст. “Тоҷикистон” аз нахустманбаъ ном бурдааст, вале тори пайвандӣ надодааст.
  • Макони ҳодиса пули назди бинои “Шарқи наздик” гуфта шудааст, ки дуруст аст. Ҷой доштани ҳодисаи худро ба дарё андохтани донишҷӯи 20-сола дар ҳамин мавзеъро баъди чанд соати ҳодиса Вазорати корҳои дохилӣ тасдиқ карда, таъкид дошт, ки  айни ҳол духтар дар шифохона буда, вазъи сиҳатияш миёна арзёбӣ мешавад.
  • Бинобар иттилоъияи ВКД, “шаҳрванд М.М.А., соли таваллудаш 2000, донишҷӯи Донишкадаи санъати Тоҷикистон, бинобар сабабҳои оилавӣ, худро аз болои пули дарёи Душанбе, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ ба об партофтааст”-у ӯро муфаттиши шуъбачаи тафтишотии ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе лейтенанти калони милитсия Амиршоев Саймаҳмуд аз ғарқшавӣ наҷот додааст.
  • Шоҳиди ҳодиса Завқибек Саидаминӣ  дар суҳбат бо МедиаМаркер нақши хоси муфаттиш Саймаҳмуд Амиршоевро тасдиқ кард: “Ӯ либоси мулкӣ дошту якум ба об даромада, духтари беҳушро берун овард. Баъд се нафари дигар даст ба даст дода, то лаби дарё оварданд. Чун соҳили дарё хеле баланд аст, мо як нафарро аз пойҳояш доштем, то духтаракро боло бардорем. “Ёрии таъҷилӣ” ҳам хеле зуд омад”.
  • “Тоҷикистон” ба матлабашро “Духтаре худашро ба дарёи Душанбенка” партофт” сарлавҳа гузоштааст, ки истифода аз забони кӯчабозорӣ буда, хилофи талаботи қонунгузории соҳавӣ ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон мебошад. 
  • Чанде аз корбарон аз ин шеваи кори масъулони “Тоҷикистон” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук эрод гирифта, талаби ислоҳ карданд, вале масъулони расона онҳоро нодида гирифтанд, ки бархилофи талаботи банди 15 Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон мебошад: “Агар нодурустии маводи нашршуда ё хулоса дар мавриди ашхос, имло, сарфу наҳв, ки баъд собит гардад, бояд аз  тарафи ҳамон нашрия фавран ислоҳ  ва аз нав нашр шавад. Дар сурати роҳ додан ба камбудӣ журналист ва ВАО бояд онро эътироф ва ислоҳ намуда, такроран ба хато роҳ надиҳанд”.

The post Забони кӯчабозорӣ ва беэҳтиромии нашрияи “Тоҷикистон” ба корбарон appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.