Задухурд дар Капитолий боиси марги як зан шуд

Зимни задухурди ҷонибдорони Доналд Трамп бо пулис дар ИМА як зан кушта шуда, як мард дар ҳолати вазнин қарор дорад. 

  • Дар бораи марги ин зан, ки зимни ишғоли Капитолий рӯзи 6 январ рух додааст, шабакаи амрикоии NBC иттилоъ додааст.
  • Ба иттилоъи манбаъ, нахустин қурбонии тазоҳурот аз яроқи оташфишон захмӣ будааст.
  • Шабакаи CNN хабар медиҳад, ки як ҷавони 24 сола  низ дар ҳолати вазнин қарор дорад. Ӯ аз баландии 10 метр зимни ишғоли бинои маъмурӣ сарозер шудааст.
  • Тазоҳуроти ҷонибдорони Доналд Трапм  дирӯз, 6-уми январ пеш аз ҷаласаи муштараки Сенат ва Маҷлиси намояндагони ИМА шуруъ шуд. Ин ҷаласа муваззаф буд, ки натиҷаҳои интихоботи президентиро ба расмият дарорад.

  • Доналд Трамп бо пахши як силсила нигоштаҳо дар Твиттер аз ин амал изҳори норозигӣ кард. Твиттер ва Фейсбук баъзе аз нигоштаҳои ӯро “даъват ба хушунат” дониста, саҳфаи ӯро барои 24 соат маҳдуд карданд.
  • Тазоҳуротгарон биноҳои маъмурии Капитолийро ишғол карда, баргузории ҷаласаро халалдор карданд. Пулиси шаҳр беш аз 20 тан тазоҳуротгаронро боздошт кард. Тазоҳуротчиён дафтарҳои кории зиёд ва ҷаласагоҳҳои Капитолийро ишғол карда, аксу наворҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карданд.
  • Пулис, Горди миллӣ ва мақомоти махсус баъди муддате муваффақ шуданд, ки эътирогаронро аз биноҳо ва майдони назди Капитолий дур кунанд. Дар Вошингтон маҳдудияти гашту гард ҷорӣ шуд. Ҷаласаи Конгресс дубора оғоз ёфт.

  • Президенти интихобшуда Ҷо Байден бо пахши як изҳорот аз Доналд Трамп талаб кард, ки тартиботи ҷамъиятиро таъмин  ва ба интиқоли нарми қудрат мусоидат кунад.  Чанд нафар аз масъулони маъмурияти Трамп истеъфо доданд. Ба назар мерасад, ки дар ИМА буҳрони сиёсӣ шакл мегирад.

MediaMarker

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.