Меҳмоншо Шарифзода: Заҳҳок, забон ва “маршировка”

Ҳар як қисса бо гуфти Мавлоно ҳомили маъниест ва қиссаро аз барои ҳамин маънӣ овардаанд.

Қисса ё миф аз як сӯ имкон медиҳад падидаву рӯйдодҳои сиёси – иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум  ба риштаи тасвир кашида шаванду фарогир гарданд, чун  фикр, тахайюл, имон ва боварии мардумро шакл медиҳаду таҳким мебахшад. Шуруъ аз мифҳои Юнону Ирони қадим то қиссаҳои ҳаким Фирдавсӣ ва Мавлоно ва нависандагони даври нав, масалан Томас Манн ва румони ӯ “Юсуф ва бародаронаш” ҳамин борро мекашанд.
Аз сӯи дигар демогогҳо, шоир – сиёсатшинос – хокшапҳо, ва сиёсат(но)мард – идеологҳо аз ин забон, аз ин равиши қисса бофтан барои манипулятсия (дасткории) мағзҳои мардум истифода мекунанд, ки ба дурустӣ мағзхӯрӣ ном дораду оқибатҳои ногуворе барои миллионҳо нафар.
Дар ин қарина метавон аз миф дар бораи “давлат”, мифи “оринажод”, мифи “хатари исломӣ” ва мифи “пешво” ном бурд, ки дар воқеъият реша надоранд ва танҳо барои чаканпӯш кардани бесалоҳиятӣ ва ҳеҷкорагии сиёсатмаргон самаранок истифода мешаванд.
Ба хусус бо ихтироъи қисса ё афсонаи “пешво” дар ин қарина ҳама чиз ва ҳама кас –  арзишҳо, идеҳо, ормонҳо ва ақлу имону илм зери сояи ин афсона монданд. Бечора шуданд. Асир гаштанд. Вале воқеъият дорад фарёд мезанад, ки:
Куҷо пешво, ки мардум ҳазорҳо дар муҳоҷирати иҷборианд ва ба ғуломони замони нав (homo sacer, Agamben) табдил ёфтаанд?!
Куҷо пешво, ки иқтисоду саноат дигар вуҷуд надорад ва ончи аз Шуравӣ монда буд, дуздида, шикаста ва фурӯхта шудааст?!
Куҷо пешво, ки фарҳанг чун ҳаракат чун сифати волои ҳаёт дигар вуҷуд надорад ва фарҳанги як миллат музофотӣ шуда ба осорхона табдил ёфтааст?!
Куҷо пешво, ки маориф харобу макони фасод аст ва илм, улуми иҷтимоӣ дигар машруъият надоранд ва дар ҳоли ҷонканианд?!
Куҷо пешво, ки қонун (номус) зери по гашта ва нафсу номуси мардум дар хатар аст…
Куҷо пешво, ки Истиқлол дар муддати ин бисту ҷанд сол танҳо истиқлоли Оила ва гуруҳе шуд ва ба воқеъияти аксари мардуми кишвар табдил наёфт ….
Воқеан, дар ҷомеае, ки афсонаҳо ҳукумронанд ақл ва илм дар сояи афсона мемонанд ва шаклгирии ‘шароити аблаҳкунaнда’ (debilitating circumstances), ки  Гидденс ба ишорат кардаааст, ҳосили аслии он мегардад. Мардуми огоҳ аз қадим наметавонанд ба чунин вазъ вокуниш накунанд. Қиссаи Заҳҳок худ аз ҷумлаи он қиссаҳои қадимаи мардуми мост, ки ба хеле рушан ин технологияи мағзпазӣ ва мағзхурӣ ишорат мекунад.
Технологияи хеле қадим, ки фарҳанги маънавии мардумро (мағзи онро)  ҳадаф қарор медиҳад ва мардумро руҳан ва ҷисман хароб месозад. Қиссаи Заҳҳок ишоратест ба раванди шикаста шудани фардҳо, ки бастагӣ дорад ба заъфи таркибҳои ҷомеаи Тоҷикистон.

Баъди пош хурдани Шӯравӣ бояст, ки роҳҳои худсозии миллӣ дар якҷоягӣ бо раванди сохтмони Давлати Миллии Тоҷик дар оила, дар низоми тарбияву таълим (маориф) ва дар ҷомеа ниҳодина мешуданду заминаи рушди миллӣ фароҳам мешуд, ки мутассифона, нашуд. Балки, фасод, дуздӣ ва дурӯғ ниҳодина шуд.

Дар ин қарина солҳо боз ба ҷои ташакулли фардҳо, машруъият бахшидан ба илм, улуми иҷтимоӣ ва сохтмони ҷомеаи донишбунёду соҳибқудрат “зиёии” ин сарзамин танҳо афсонаҳо бофта ва мардумро ба тудаҳо табдил додан доранд.Ва охирин ихтироъи ин тоифа ҳамин афсонаи “пешво” буд.

Ихтироъе, ки ҳама чизеро фурӯ мебарад … Як “пешво”  бо ин  тӯдаи худбохта, зери таъсири афсонаҳо аз ақлу илм дур монда, муҳоҷиру ғариб, беқудрат ва аз рамзҳои имрӯзаи Тоҷик холитар, дар дунёи имрӯз чи метавонанд кардан?  Чи ҳам метавонанд кардан ба ҷуз ин ки дар варзишгоҳҳо ҷамъ шуда бошанд ва дар баробари “ягонаи давр” рақсу сурудхонӣ карда бошанд. “Маршировка”. Барои ин кор Ҷуче дар Куриёи Шимолӣ варзишгоҳҳои калонтарини ҷаҳониро сохтааст. Дар Тоҷикистон низ сохтаанду сохтан доранд. Дар сатҳи ноҳияҳо низ, ки гоҳе соле як маротиба истифода мешаваду бас, вале нигоҳдорияш хароҷоти зиёд мехоҳад.

Ҳукмронии ин афсонаҳо дигар ҷое барои тафаккур ва созандагии воқеъӣ намемонад, ба ҷуз ин ки солҳо боз “маршировка” ташкил карда бошанд. Cолҳо боз ба ин кор машғуланд ва онро “ифтихор”, ” истиқлол”, “ватандӯстӣ” ва ғайра меноманд то ин ки вазири нав ин ҳамаро “хасакӣ” номид…

 

Ва ҳарфи Лоҳутист, ки ба ин ҳолат ишора карда:

Баъд аз ин
мағзи ҷавонон
хуриши мор шавад,
Неъмати кишвари мо
туъмаи ағёр шавад,
Ному номуси ватан
яксара барбод равад
Илму ториху шукуҳу
сухан

аз ёд равад…

Меҳмоншо Шарифзода,
25.07. 2021

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.