Заминларзаи 4,5 дараҷаӣ ноҳияи Шуғнони Бадахшонро такон дод

Шоми 2-уми декабр дар ҳудуди вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон заминларзаи 4,5 дараҷа бо ченаки ҷадвали Рихтер сабт шудааст.

Тибқи иттилои Маркази зилзилашиносии Амрико, маркази заминларза 31 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ, дар ҳудуди ноҳия Шуғнон будааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки заминларза харобие дар пай дошт, ё на.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари зилзила дар гӯшаҳои кишвар чандин хона вайрон шудааст. Аз ҷумла рӯзи 4-уми июл соли 2020 наздики 60 хонаи сокинони чор деҳа дар ҷамоати Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар заминларза осеб дид.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.