Заминларзаи беш аз 5-дараҷаӣ дар Тоҷикистон

Рӯзи 4-уми июл заминларзаи сахт Тоҷикистонро такон дод. Ба иттилои марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон, маркази заминларза дар тақрибан 200-километрии шарқи Душанбе будааст. Нирӯи зилзилаи рӯзи шанбе 5,3 дараҷаи Рихтер гуфта мешавад. Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари зилзила дар гӯшаҳои кишвар чандин хона вайрон шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.