“Зани майзада” ва “тангчашмон”: нишонаҳои буҳрони ахлоқи рӯзноманигорӣ дар расонаҳои Тоҷикистон

Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мониторинги риояи меъёрҳои ахлоқии касбиро баргузор намуд. Ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ, нахустин шуда соли 2009 ба истилоҳ кодекси ахлоқи журналистӣ – “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро пазируфтанд.

Ин санад аз 17 банд иборат, ки аксари расонаҳо онро эътироф кардаанд. Бо гузашти 10 сол аз қабули ин санад коршиносон тасмим гирифтанд, ки чигунагии риояти меъёрҳои ахлоқи рӯзноманигориро мушаххас кунанд.

Бори нахуст, бо гузашти солиёни зиёд риояи меърҳои касбиро дар навиштаҳои рӯзноманигорони тоҷик санҷиданд. Мониторингро Шӯрои ВАО гузаронид ва натиҷаҳо бармалло кард, ки  расонаҳо дар кишвар  ба меърҳои усулии касбӣ чандон пойбанд нестанд. Албатта, ин ҷо бояд ин воқеиятро дар назар бигирем, ки ахлоқи рӯзноманигорӣ қавитарин кайфияти расонаҳое нест, ки дар кишварҳое фаъолият мекунанд, ки дар шохиси радабандии озодии сухан дар зинаҳои поён қарор доранд ва Тоҷикистон аз шумули ин кишварҳост.

Пеш аз ҳама ҳадафмандона напазируфтани рӯзноманигорон ва ё набуди имкони гуфтани мушкилоти шадиди иҷтимоие, ки ҷомеаро нигарон кардааст, моҳиятан нақзи ахлоқи рӯзноманигорӣ аст. Бо вуҷуди ин ҳама, ҳато муҳитеро, ки расонаҳои Тоҷикистон дар он фаъолият мекунанд дар назар нагирем, ҳисси содаи риояи одоб ва хушрафторӣ бояд вуҷуд дошта бошад, ки ин ҳам сарфи назар мешавад.

Мониторинги Шӯро ВАО хеле маҳдуд буд. Танҳо 44 нашрия ва 9 расонаи онлайниро фаро гирифт. Зеро барои фаро гирифтани расонаҳои бештар, хусусан телевизиону радиоҳо зарфияти молии Шӯро кофӣ набуд. Вале агар расонаҳои бештар, хусусан, телевизиону радиоҳо ҳам мониторинг шаванд, фикр мекунам вазъият хеле ҳузнангезтар мешавад. Чун ба мушоҳидаи мо меъёрҳои ахлоқӣ дар телевизиону радиоҳо, ба вижа давлатӣ бештар нақз мешаванд. Ин дар ҳоле, ки дар дар банди аввали Меъёрҳо гуфта мешавад, ки ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат ва гуногунандешӣ усули бунёдии  фаъолияти ВАО ва журналистон дар Тоҷикистон мебошанд ва вазифадоранд аст онро риоят кунанд. Вале дар ҳар кадом бахши хабариителевизионҳои давлатии Тоҷикистон  ин усул дида намешавад, гуногунандешӣ ва ҳақиқатнигорӣ бисёр кам аст ва тамоми иттилоъ дар шабакаҳои давлатӣ танҳо аз нуқтаи назари давлат (ҳукумат) маънидод мешавад.

Имкон дорад, ки Шӯро ин гуна расонаҳоро ҳам таҳти баррасӣ қарор бидиҳад.

Дар мониторинги семоҳа, ки моҳҳои июн-августро дар бар гирифт, маълум шуд, ки ин расонаҳо 159 бор 13 банди “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро нақз кардаанд. Аз ҷумла дар моҳи июни соли 2019  аз ҷониби 13 расона 25 маротиба 10 банд, моҳи июл аз сӯйи 13 расона 80 бор 9 банд ва моҳи август аз тарафи  17 расона 54 маврид 10 банд вайрон карда шудааст. Аз ҳама бештар меъёрҳои касбӣ дар ин расонаҳо  нақз шудаанд: «СССР» – 19, “Оила” – 16, “Фараж” – 18, “Самак” – 18. Дар ин расонаҳо фосилаи зиёде бо расонаҳои дигар аст. Масалан дар нашрияи “Пайк” ҳамагӣ 5 мавриди нақзи меъёрҳо, дар “Тоҷикистон” – 4 ва дар “Азия Плюс” – 3 маврид ҳаст.

Рӯзноманигорон (расонаҳо) аз ҳама бештар ин бандҳоро нақз кардаанд:

  • Ҷудо будани эҷодиёт аз тиҷорату реклама,35 бор, ишора нашудааст, ки матлаб пулакӣ аст ва онро ҳамчун матлаби муаллифӣ пешниҳод кардаанд;
  • Иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр, 26 бор, яъне бархӯрди манфӣ бо намояндагони миллатҳои дигар;
  • Асардуздӣ/плагиат, 21 бор, яъне нашри матлабҳои дигарон дар нашрияву пойгоҳҳои худ бидуни ишора ба сарчашмаи он.

Ҷойи чоруму панҷумро дар ин номгӯй ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс ва эҳтимолияти бегуноҳӣ гирифтаанд.

Реклама ҳамчун матлаби муаллифӣ ва таҳқири шахсият

Банди “садрнишин” – 12 нишондиҳандаи воқеият ва вазъи имрӯзаи журналистикаи Тоҷикистон аст. Аксари расонаҳо маводи таблиғотиии пулакиро ҳамчун матлаби муаллифӣ ё таҳлилӣ ба мухотабон (аудитория) пешниҳод мекунанд, яъне рекламаи пӯшида ё пинҳонӣ. Мувофиқи қоидаҳои пазируфташуда онҳо бояд дар ин гуна маводи таблиғотии пулакӣ аломати “®” бигузоранд то мухотаб дучори суйитафоҳум нашавад. Бархеҳо ин шеваи фаъолиятро ба вазъи баъди иқдисодии расонаҳо ва дучори буҳрон шудани онҳо алоқаманд медонанд. Ин омил дар воқеъ ҷой дорад, мммо ҳеч шароите набояд барои нақзи меъёрҳои ахлоқӣ сабаб шавад. Банди 12-и Меъёрҳои ахлоқӣ мегӯяд, ки “рисолати касбиро қурбони аҳдофи тиҷорат набояд кард”, “маводе, ки ба хотири тиҷорату реклама ва тарғиби манфиати гурӯҳе ё шахсе ба нашр мерасад, бояд мушаххас бошад ва аз маводи дигар ҷудо ҷой дода шавад”. Илова бар ин дар моддаи 5-и қонун “ Дар бораи реклама” гуфта мешавад, ки “ба воситаҳои ахбори омма барои ҷойгиронии реклама ҳамчун маводи иттилоотӣ, таҳрирӣ ё таълифӣ  гирифтани маблағ манъ аст”. Ҳатто ин амал натанҳо меъёри ахлоқӣ аст, балке меъёри ҳуқуқӣ (қонун) низ мебошад.

Чизи дигар ин аст, ки тибқи моддаи 12-и қонуни реклама дар матбуоти давлатӣ реклама набояд аз 25 % ва матбуоти хусуст на бештар аз 40%-и ҳаҷми умумии як шумораро ташкил диҳад. Аммо дар матбуоти хусусии мо дар баъзе шумораҳо реклами пинҳонӣ то ба 60-65% мерасад. Ин шеваи фаъолият, расонаҳои бе ин ҳам заъифу бетаъсирри тоҷикро дар миёни мухотабон ва худи ҳамкасбон бетаъсиртар мекунад ва рисолати рӯзноманигориро таҳти саволи бузурге қарор медиҳад.

Расонаҳои мо дар мавриди “иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр” ҳам бисёр “бераҳманд”-у ба хатоҳои касбӣ роҳ додаанд. Худ қазоват кунед: “Парламенти тангчашмакои қирғиз” – менависад нашрияи “СССР” (№31, 01.08.2019ҳангоми баҳси марзӣ; “зани алкаши рус” – сайти нашрияи “Оила” – номаи зане аз Истаравшан, ки тааҷҷуб кардааст, ки чӣ гуна мешавад оилаи худро ба хотири зани алкаши рус партофт, ҳарчанд иттилоъ дар бораи он ки он зан дар воқе шароб менӯшидааст ё не, дар матлаб нест.

 Ҳатто нисбати худиҳо ҳам дар сарлавҳаҳо вожаву таъбирҳо пастзанандаи шанъу шараф ва эътибори шахс истифода мебаранд. Маслан: Мулло-ҷодугар-педофили навбатӣ боздошт шуд!!!”-сухан дар бораи боздошти гумонбар меравад, “маҳз ҳамин «паразит»-ҳо  яке аз сабабҳои қиматшавии нархи маҳсулот дар бозор мебошанд” – менависад сайти нашрияи “СССР” ва худи нашрия (№34 22.08.2019) дар бораи як гумонбар дар содир кардани ҷиноят чунин менависад: палид” ва “ҳаромӣ”.

Мушоҳида мешавад, ки забони хушунат (язык вражды) дар расонаҳои мо хеле ҷой дорад ва барои бархе аз рӯзноманигорон ин ҳатто услуби навишт ҳам ҳаст. Яъне истифода таъбиру ибораҳои пастзанадаи шанъ шараф ва ҳайсияти милливу маҳаливу иҷтимоии шахс боиси ифтихори бархе аз расонаҳову рӯзноманигорн гаштааст. Хусусан ин услуби навишт ва вайрон кардани ин меъёрҳо дар матлабҳое, ки алайҳи мухолифин ва созмону ҳизбҳое, ки Тоҷикистон онҳоро террористӣ эътироф кардааст бештар ба мушоҳида мерасад. Ин гуна матлабҳо, ки дар расонаҳо бештар бо имзоҳои мустаор ва муаллифони гумном нашр мешаванд нисбат ба объекти танқид бисёр бераҳманд ва ҳатто нуқсони ҷисмонии танқидшавандаҳоро ба масхара мегиранд, ки ба иҳонату таҳқир оварда мерасонад.

Пешдоварии расонаҳои мо дар мавриди гумонбарони ҷиноят ҳам яке аз меърҳоест (эҳтимолияти бегуноҳӣ), ки хеле бисёр нақз мешавад. Дар мониторинги анҷомшуда ин маврид 20 бор ба назар расид. Як далели ин дониши сусти ҳуқуқии рӯзноманигороне мебошад, ки худро тарафдори ахлоқи боло медонанд ва ба ҳамин тартиб, зоҳиран гӯё амалҳои нохушояндро маҳкум мекунанд.

Ҳатто дар ин кори “хайр” рӯзноманигорон ҳама чизро дар дунё фаромӯш мекунанд ва бо ифшои “ҷинояткорон” ба нуқси ҷисмонии ӯ, миллат, нажод ва ё мансубияти он ба минтақае ишорат мекунанд. Аксаран дар матнҳо ному насбаби комили кӯдакони дар ҷиноят гумонбар оварда мешавад ва бо онҳо бидуни ризояти волидайн ё васияшон суҳбат карда мешаваду аксҳояшон нашр мегардад.

Асардуздӣ

Асардуздӣ яке аз меърҳои пазариуфташуда дар таҷрибаи имрӯзи расонаҳо шудааст. Мутаассифона, аксари расонаҳо матлабҳоро мегиранд ва бидуни ишора ба манбаъ онро бознашр мекунанд ва ҳамчун матлаби худ пешниҳод менамоянд. Шояд ин ҷо савол пайдо шавад, ки гирифтани хабар аз якдигар барои расонаҳо як таҷрибаи маъмулист. Аммо ин ҷо гап сари гирифтани хабар (иттилоъ) не, балки дуздидани матлабҳои хабарӣ, гузоришҳо ва матолиби таҳлиливу тадқиқотӣ аст. Бештари расонаҳо бидуни нишон додани манбаъ матлабҳои Радиои Озодиро нашр мекунанд, бархеи дигар муаллифони матлабро гузошта, Радиои Озодиро зикр намекунанд. Дар ин сурат ҳам, ин амал асардуздӣ аст, зеро расона бо гузоштани муаллифи матлаби расонаи дигар (ва зикр накардани манбаъ) ин нафарро ҳамчун муаллифи худӣ барои мухотаб пешниҳод мекунад. Бархе расонаҳои дигар аввалу охири матлабҳои Радиои Озодиро дигар намуда онро чун матлаби муаллифии худи идора нашр мекунанд. Ин корро бештар “Чархи Гардун”, “Имрӯзнеюс”, “Тоҷикистон”, “Фараж”, gazeta.tj, tajikistantimes.com мекунанд.

Ин мониторинг нишон медиҳад, ки таназзули ахлоқӣ дар расонаҳои мо рӯ ба рушд аст. Агар расонаҳое, ки “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро эътироф кардаанд (зеро мониторинг танҳо расонаҳои узви Шӯрои ВАО-ро фаро гирифт) ин қадар бепарво дар баробари он ҳастанд, пас вазъи расонаҳое, ки эътироф накардаанд мантиқан бояд хубтар набошад. Агар вазъ ин гуна аст, рӯзноманигор набояд мунтазири эҳтиром аз сӯйи мақомот бошад, дар ҳоле ки худ иҷоза медиҳад ба ин шева қоидаҳои бунёдии соҳаи худро нақз кунад.

newreporter.org 

 

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.