“Зани озоди Шарқ” имрӯз дар чӣ ҳол аст? Дузанагӣ аз замони Шӯравӣ то ҳоло

Қонунҳои Тоҷикистон барои чандҳамсарӣ ё бисёрзанӣ ҷазо пешбинӣ кардаанд. Аммо бо ин вуҷуд бисёрзанӣ дар кишвар ҳамоно роиҷ аст. Манъу муҷозот барои дузанагӣ ё чандҳамсарӣ ҳатто дар замони Шӯравӣ ҳам натавониста буд, ин мушкилро аз байн барад. Телевизиони “Настояшее Время” дар як матлаби таҳлилӣ аз сарнавишти занҳои дувуму сеюм ва мардони бисёрзана дар замони Шӯравӣ қисса кардааст.

“ЗАНИ ЯКУМ ТОБ НАОВАРД”

“Ман аз ҳама пинҳон мекардам, ки ду зан дорам. Бо ду оила зиндагӣ кардан мушкил буд. Ҳамеша рашку нофаҳмӣ буд ва бар сари масоили хурду реза баҳсу ҷанҷол мешуд.” Ин қиссаи Илҳом, як сокин 65-солаи шаҳри Душанбе аст, ки соли 1978 зани дувум гирифт. Зани аввали ӯ як ҳамкори русаш буд. Падару модараш ин издивоҷро намехостанд. Наздикон ҳам исрор мекарданд, ки бояд бо духтаре аз миллати худ оиладор шавад. 

Ниҳоят кор ба ҷое расид, ки Илҳом ба хости волидон тан дод ва бо духтаре издивоҷ кард, ки онҳо хуш карда буданд. Ин бор никоҳи мусалмонӣ кард ва бо ҳамин зиндагии ӯ дар ду оила сар шуд. “Дар аввал ҳам зани аввал ва ҳам дувумӣ ин воқеиятро қабул карданд. Аз якумӣ як духтар ва аз дигарӣ ду фарзанд дорам,” — мегӯяд Илҳом.  

Вале пас аз 3 соли зиндагӣ дар чунин вазъ, зани якум тоб наоварда, аз Илҳом ҷудо шуд. “Ман кӯшиш кардам, ӯро баргардонам, вале талаб кард, ки ман аз зани дуюмам ҷудо шавам. Азбаски волидонам розӣ набуданд, наметавонистам ин корро кунам. Зани дуюмамро чандон дӯст намедоштам, аммо дар ниҳоят бо ӯ мондам,” — нақл мекунад, Илҳом.   

Ҳоло Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои бисёрзанӣ 50 ҳазор сомонӣ, баробари 4800 доллар, ҷарима ё то ду сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ кардааст. Бо ин вуҷуд шумори мардоне, ки чанд ҳамсар доранд, дар кишвар кам нестанд. 

“БАРОИ ЗАНИ ОЗОДИ ШАРҚ!”

Таърихи бисёрзанӣ расман дар Осиёи Миёна соли 1921, вақте Кумитаи Марказии Туркистон қарор дар бораи манъи бисёрзаниро содир кард, хотима ёфт. Вале танҳо пас аз 4 сол бисёрзаниро ҷиноят шумурданд. Дар он замон барои чандҳамсарӣ ба мардон як сол корҳои ислоҳӣ ва то 1000 рубл ҷарима пешбинӣ мешуд.

София Қосимова, пажӯҳишгари тоҷик дар китоби “Тағйири тартиби гендерӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон” дар ин бора гуфтааст: “Маҳви таҷрибаи бисёрзаниро идеологҳои ҳизб аз мубориза барои озодии зани Шарқ шуруъ карданд. Дар доираи ахлоқи коммунистӣ падидаи бисёрзанӣ, паст задани шаъну шарафи зан дар аҳди Шӯравӣ ва нақзи ҳуқуқи ӯ дониста мешуд.”   

Ӯ дар идома мегӯяд, манъи бисёрзанӣ дар Шӯравӣ бештар барои мубориза бо феодалҳо ва рӯҳониён равона шуда буд. “Танҳо мардони сарватманд ва мансабдор метавонистанд, аз ду то 4 занро таъмину нигоҳубин кунанд. Шумори занон то замони инқилоб яке аз нишондиҳандаҳои мақоми баланд ва мавқеи иҷтимоии мардон буд. Бо манъи бисёрзанӣ ҳукумати Шӯравӣ ин махсусияти фарқкнандаи қишри элитаро аз байн бурд,” — мегӯяд, София Қосимова.  

Бо вуҷуди пурра манъ шудани чандҳамсарӣ бархе аз сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, ин анъанаро ҳамоно ҳифз карданд, аммо дар шаклу шароити дигар. София Қосимова, пажӯҳишгари тоҷик меафзояд:   

“То инқилоб, мардони бисёрзана, бо ҳамаи занони худ дар як хона, зиндагӣ мекард. Ҳарчанд занон дар ин муҳит зиндагии хуб надоштанд, касе аз онҳо наметавонист аз шавҳараш ҷудо шудани ӯ аз зани дигаррро талаб кунад. Дар давраи Шӯравӣ издивоҷҳои такрорӣ на танҳо аз зани аввал, балки аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва ҷойи кор пинҳон карда мешуд. Занон дар алоҳидагӣ зиндагӣ мекарданд ва аксаран якдигарро намешинохтанд ё занони аввал аз зани дигар доштани ҳамсар пурра бехабар буданд. Агар пештар ҳарду занони як мард аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳаққи баробар доштанд, дар шакли навтари бисёрзанӣ, аллакай ба зани аввал, ки бо мард издивоҷи расмӣ дорад, ҳуқуқу бартариҳои бештар дода мешавад.”

Бо зани дувум дар замони Шӯравӣ ақди никоҳи расмӣ намебастанд, бинобар ин, дар ин робита оморе вуҷуд надорад. Бар пояи нишондиҳандаҳои додгоҳии солҳои 1960-1965, ҳар сол дар додгоҳҳои Тоҷикистон, аз 30 то 47 парвандаи бисёрзанӣ баррасӣ мешуд. 

“САРНАВИШТИ ДУХТАРОНИ БЕСАВОД”

Фирӯзаро соли 1972 ба шавҳар доданд. Ӯ он вақт ҳамагӣ 19 сол дошт. Ҳоло 67-сола аст. Расман ӯ ақди никоҳ надорад. Бо шавҳараш танҳо никоҳи исломӣ кардааст. Фирӯза пас аз 3 соли зиндагии муштарак фаҳмид, ки шавҳараш оилаи дигаре ҳам дорад.

Фирӯза қиссаи издивоҷашро ба ёд оварда мегӯяд: “Мо ҳаққи баҳс карданро бо падарам надоштем. Ҳамаро мардон ҳал мекарданд. Падару модарам ба ман гуфтанд, ки ба наздикӣ тӯй мешавӣ. Домод писари дӯсти падарам буд. Дигар дар бораи ӯ ба ман чизе нагуфтанд. Баъдтар аз модарам каме дар бораи ӯ маълумот гирифтам.”    

Мегӯяд, шавҳарашро бори аввал дар рӯзи тӯй дид. “Шавҳарам корманди низомӣ буд. Вай аз ман 13 сол калон буд. Он замон ӯ дар Душанбе ва хонаводааш дар Ҳисор зиндагӣ мекард. Тасмим шуд, ки ман бо волидонаш дар деҳа бимонам ва ӯ ба шаҳр баргардад. Хонаводаи мо зид набуд. Ӯ чанд рӯз бо ман монд ва баъд ба шаҳр рафт.”  

Ба гуфтаи Фирӯза, баъд аз тӯй дигар шавҳарашро танҳо вақте медид, ки ӯ аз шаҳр ба деҳа ба меҳмонӣ меомад. “Ӯ бо баҳонаи кор, ба назди мо дер-дер меомад. Ҳамин тавр 3 сол гузашт. Ман аз волидони ӯ хоҳиш кардам, ки ба ман иҷоза диҳанд, ба назди ӯ биравам. Вале онҳо иҷоза надоданд. Мегуфтанд, мо туро барои худамон интихоб кардем ва ту ҳамин ҷо мемонӣ. Муносибати шавҳарам бо ман сард буд. Ҳамеша мегуфт, маро волидонаш интихоб кардаанд ва барои ӯ ҳеч аҳамият надорам,” —  нақл мекунад Фируза.  

Дар бораи оиладор будани шавҳараш, Фирӯза аз ҳамсояҳо фаҳмидааст. Баъдан фаҳмид, ки ба ҷуз ӯ дигар ҳама медонад, шавҳараш оилаи дигар дорад. Аммо барои Фирӯза аз ҳама аламовар ин буд, ки ҳатто падари худи ӯ ҳам ин ҳамаро медонист.   

Баъдтар Фирӯза фаҳмид, ки шавҳараш кайҳо, ҳатто пеш аз ӯ дар шаҳр зан доштааст. “Оилаи ӯ келини шаҳриро қабул накардаанд, бино бар ин, барои ӯ худашон арӯси мувофиқ ёфтаанд. Ба ман ҳам ӯ ба шарт оиладор шудааст, ки ман бо падару модараш мемонам,” — меафзояд Фирӯза.  

Фирӯза мегӯяд, ӯ ба дузана будани шавҳараш тан дод ва бо гузашти замон ба ӯ меҳр баст, вале тамоми умр азоби рӯҳӣ кашид: “Ин ишқи ман ҳамин тавр беҷавоб монд. Ӯ дар ду оила зиндагӣ мекард. Аксаран бо он занаш буд ва ҳар вақте барои аёдати волидонаш меомад бо ман мемонд.”  

Пас аз 12 соли зиндагӣ бо шавҳар Фирӯза бо зани аввал ва фарзандони ӯ шинос шуд: “Кӯдакон бо ҳам суҳбат ва равуо мекунанд. Вақте фарзандони ман ба шаҳр раванд, дар хонаи ӯ меистанд. Тобистон фарзандони ӯ ба хонаи мо меоянд. Вале мо занҳо бо ҳам робита надорем.”  

Ҳашт сол пеш, шавҳари Фирӯза ва 3 сол қабл зани аввали ӯ фавтид. Фирӯза модари 3 фарзанд аст, ба писаронаш бисёрҳамсариро комилан манъ кардааст. Фирӯза мегӯяд, “онҳо ҳам азоби маро медонанд. Кӯдакон ягона хушҳолии ман дар зиндагӣ буданд. Сарнавишти духтари нохонда ҳамин аст.” 

 

“БОЯД ФИРЕБ НАМЕКАРДАМ”  

“Ҳоло фаҳмидам, ки набояд дурӯғ мегуфтам, вале дер шуд. Ман пир шудам ва вақтро ҳам дигар баргардонида намешавад,” — иқрор мекунад Даврон бо гузашти солҳо. Ӯ 69 сол дорад ва соҳиби ду зан аст. Бо зани аввал, ки аз Сибир барои кор ба Душанбе омад, соли 1971 издивоҷ кард. “Мо тӯй кардем, хушбахт будам. Соҳиби ду духтар шудем, вале зиндагӣ пешгӯинашаванда аст. Бо ҳамсари дувумам шинос шудам ва никоҳ кардем”.  

Ҳамсари аввали Даврон дар бораи муносибатҳои нави ӯ бо зани дигар чизе намедонист. Мегӯяд, намехост оилааш вайрон шавад. Дар бораи оилаи дувуми ӯ фақат чанд ҳамкораш медонистанд. Ӯ  талош мекард, ин мавзуъ пинҳон монад, чун метарсид, ки ба мушкилоти зиёд дучор мешавад. “Зани дувумам хона дошт ва  ман ба назди ӯ ё рӯзона мерафтам, ё бо баҳонаи навбатдорӣ дар ҷойи кор. Ҳамин тавр мо соҳиби як писар шудем.”  

Ҳоло писари Даврон 30-сола ва духтаронаш зери синеи 50 ҳастанд. Дар бораи зани дувум доштани ӯ ҳамсари аввалаш чанде пеш огоҳ шуд. Илҳом нақл мекунад, ки “ман бемор шудам ва писарам маро хабаргирӣ омад. Ҳамин тавр, зан ва духтарам огоҳ шуданд. Онҳо писарамро аз хона пеш карданд. Намехостанд қабул кунанд. Хонаводаам як муддат бо ман дар қаҳр буданд, вале баъдан маро фаҳмиданд.”  

“ШАВҲАР МЕТАВОНАД ҲАР ТАВРЕ, КИ ХОСТ ШУМОРО…”  

Садаф ҳоло 78 сол дорад. Ӯ зани дувуми як марди сезана буд. Соли 1973 дар 31-солагӣ оиладор шуд. Баъд аз хатми ятимхонае дар Самарқанд ӯ ба шаҳри дигар ба хонаи дугонааш кӯч баст. Бо амри тақдир бо марде, ки дӯсти дугонааш буд, шинос шуд. “Ман ҳам медонистам, ки ӯ оиладр ва соҳиби фарзанд аст. Ӯ чанд моҳ ба ман хӯрокворӣ меовард ва кумак мекард. Ман ҳам аз ӯ пул қарз мегирифтам,” — нақл мекунад Садаф.   

Баъди чанд моҳ мард ба Садаф мегӯяд, ки аз оилааш ҷудо шудааст ва мехоҳад бо ӯ зиндагӣ кунад. “Ман духтари хеле ҷавону содда будам. Ягон шахси наздик надоштам. Ба худ гуфтам, чаро не? Хостам кӯдак таваллуд кунам ва барои ӯ зиндагӣ намоям,” — нақл мекунад Садаф. Аммо дертар Садаф мефаҳмад, ки шавҳараш бо зани аввал муносибат дорад.   

Пас аз марги зани аввал, тарбияву нигоҳубини писари ӯ ҳам ба дӯши Садаф афтод. Худи Садаф соҳиби 5 фарзанд шуд. “Шавҳарам кори хуб дошт ва зиндагиамон пурра таъмин буд. Ҳатто вақте ки ӯ боз як зани дигар гирифт. Инро ӯ аз ҳама, ҳатто аз ман пинҳон мекард. Вай ҳамзамон дар як меҳмонхона дар басти шабона кор мекард, барои ҳамин вақте шаб намеомад, чизе пай намебурдам,” — нақл мекунад, Садаф.  

Дар бораи зани нави шавҳар, Садаф пас аз солҳо, замоне огоҳ шуд, ки аллакай наберадор буд. “Дар рӯзи хатнасури набераам огоҳ шудам. Вай се фарзанди аллакай бузурги зани сеюмашро ба хона овард. Барои ҳифзи обрӯи ӯ ман ба одамон гуфтам, ки худам ба ин иҷоза додаам. Пас аз марги шавҳарам фаҳмидам, ки ӯ ду замин харида, байни фарзандон аз зани як ва сеюмаш тақсим кардааст.”  

Ин зани дувуми як марди сезана мегӯяд, бисёрҳамсариро қабул надорад: “Ин як навъи фишор аз болои шавҳар аст. Ӯ метавонад, ҳар тавре хоҳад, туро идора кунад. Масалан метавонад бигӯяд, ки ҳамсари ман ин корро беҳтар мекард. Агар ин корро накунӣ, ба назди зани дигар меравам. Бо кӯдакон танҳо мемонӣ. Дар мисоли ман, ки ятим будаму на хонаву нав ҷойи кор доштам, маҷбур таҳаммул мекардам. Агар одам шароит ва хешу табору ҷойи кор дорад, беҳтар аст, чунин зиндагиро интихоб накунад.” 

 

МУХОЛИФОНИ СЕРЗАНӢ

Нуриддин, набераи 24-солаи Садаф, ки дар хонаводаи марди чандҳамсара ба воя расидааст, мегӯяд, муқобили бисёрҳамсарӣ аст ва фақат бо як зан издивоҷ хоҳад кард.   

“Ман ба бисёрҳамсарӣ муносибати хуб надорам. Бо чунин зиндагӣ ҳамеша занон озор мебинанд. Ҳар як зане, ки дар издивоҷи марди бисёрзана аст, худро таҳқиршуда эҳсос мекунад. Яке фикр мекунад, ки агар шавҳараш зани дигар гирифт, пас, ӯ аз чизе кам буд. Дувумӣ бо ин фикр, ки шавҳараш аз зани аввал ҷудо шудан намехоҳад, худро азият медиҳад. Аксаран ин гурӯҳи занон хонашинанд ва ба тарбияи кӯдакон машғуланду дигар илоҷе ҷуз таҳаммул надоранд,” — мегӯяд, Нуриддин.  

Баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ падидаи бисёрҳамсарӣ дар Тоҷикистон ба мавзӯи муҳокимаи умум ва ошкорро табдил шуд. Ҳатто дар порлумон масъалаи қонунӣ кардани он ҳам пешниҳод шуда буд. Аксарият ба ин боваранд, ки афзоиши бисёрҳамсарӣ пайомади ҷанги шаҳрвандӣ аст. Вале муҳаққиқ, София Қосимова, ба ин назар розӣ нест.   

Вай мегӯяд, “падидаи бисёрҳамсарӣ ҳанӯз аз миёнаи солҳои 1980 оғоз ёфт. Котиби генералии КМ КПСС Михаил Горбачёв бори аввал дар таърихи давлати Шӯравӣ таваҷҷӯҳро аз мафҳуми “некӯаҳволии мардум” ба некӯаҳволии шахс кард. Ҳангоме ки “ахлоқи коммунистӣ” коҳиш ёфт, таваҷҷуҳи мардум ба гузаштаи таърихии онҳо боло рафт. Дар пай аксари анъанаҳои мамнуъ ҳамчун арзишҳои миллӣ пазируфта шуданд.” 

ПОЁНИ ГУФТОР

Ба гуфтаи Қосимова, бисёрҳамсарӣ дар Тоҷикистон ба дигаргунӣ рӯ ба рӯ шуд. “Акнун бисёрзанӣ мисли қабл, хоси мардони сарватманду мансабдор нест. Дар миёни қишри миёнаҳол ҳам акнун мардоне кам нестанд, ки соҳиби ду ё чанд ҳамсаранд. Бархе ҳатто бидуни маоши муайян ҳам ба худ иҷоза медиҳанд зани дувум бигиранд. Ҳамзамон акнун на фақат занони шавҳардида, балки духтарони ҷавон ҳам розӣ мешаванд, зани дуюм бошанд. Чизе, ки дар аҳди Шӯравӣ мушоҳида намешуд.”

Бархе инро кори савоб медонанд, бархеи дигар яке аз пайомадҳои ҷанги дохилии солҳои 1992-97 ва муҳоҷирати мардони ҷавон ё вазъи ногувори иҷтимоӣ, вале мухолифони он ин ҳамаро баҳона мешуморанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.