Занони афғон дар Душанбе алайҳи Толибон эътироз карданд

Субҳи 14-уми сентябр даҳҳо нафар аз занону духтарони афғони муқими Тоҷикистон дар сафорати ин кишвар дар Душанбе ҷамъ омада, алайҳи Толибон ва Покистон шиор доданд. Онҳо бо сар додани шиорҳое чун “Покистон, Покистон, берун шав аз Афғонистон”, “Куштани афғонҳоро бас кунед”, “Аз Аҳмади Масъуд ҳимоят мекунем” ва “Зинда бод муқовимат”, ҷамъомади эътирозӣ баргузор карданд.

Ширкатдорони ин ҳамоиши эътирозӣ дар суҳбат ба Радио Озодӣ гуфтанд, ки аз ояндаи кишварашон нигаронанд ва дахолати Покистон дар умури Афғонистонро маҳкум мекунанд. Покистон ҳамеша дахолаташ дар умури Афғонистон пуштибонӣ аз Толибонро ҳамеша рад кардааст. Вале ин иштирокдорони ин ҳамоиши эътирозӣ бовар доранд, ки дахолати Покистон боиси пешравии Толибон ва ба дасти онҳо афтодани Афғонистон шудааст.

Онҳо ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, ки садои онҳоро шунавад ва ҳукумати Толибонро ба расмият нашиносад ва аз Аҳмади Масъуд ҳимоят кунад. Ба гуфтаи онҳо, “шинохтани Аморати Толибон ба расмият шинохтани терроризм байналмилалӣ аст ва ҳар касе, ки онҳоро ба расмият мешиносад, худ ҳомии терроризм аст”.

Хабар такмил мешавад

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.