Зарафо Раҳмонӣ: Агар умр боқӣ буд, мехоҳам як созмонӣ хайриявӣ таъсис диҳам. ВИДЕО

Зарафо Раҳмонӣ, собиқ мушовири ҳуқуқии раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки баъди озод шудан аз маҳбас мехост ба фаъолияташ дар умури занон идома диҳад, ҳоло аз дарди саратон азият мекашад. Ӯ мегӯяд, се соли қабл ташхис дар бадани ӯ саратонро ошкор кард ва ин ҳама муддат барои табобат талош дорад. Зарафо Раҳмонӣ дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз бемориву зиндагии баъд аз зиндон ва ҳам ниёзмандияш гуфт.

Радиои Озодӣ: Шумо чанд вақти ахир аз бемории саратон ранҷ мекашед. Кай эҳсос кардед, ки ба ин беморӣ гирифтор шудед?

Зарафо Раҳмонӣ: Се соли пеш як сӯзишро дар баданам эҳсос мекардам. Рӯзе барои хабаргирии яке аз шиносҳоям ба бемористон омадам ва ба як табиб муроҷиат карда аз мушкили худ гуфтам. Баъдан, барои ман чанд намуди ташхис фармуданд. Натиҷаи ташхисҳои ман маълум кард, ки алакай дар баданам “лимфома” ё саратон пайдо шудааст. Ба ман гуфтанд, ки омоси манфӣ (злокачественная опухоль) дар синаам аст ва бояд фаврӣ ба табобат шуруъ кунам. Табобатҳои аввалия натиҷа надод ва табибон ба хулосае омаданд, ки ман бояд ба кимиёдармонӣ (химиотерапия) фаро гирифта шавам. Ҳамин тавр, ман дар як сол шаш маротиба химиотерапия гирифтам. Вақте омос бетаъғийр монд, табибон гуфтанд, бояд ҷарроҳӣ кунем. Вале барои ман имкон даст надод ва натавонистам он замон ҷарроҳӣ шавам. Аммо якуним соле, ки ман табобатро ба таъхир гузоштам, эҳсос мекардам, ки омос калон мешавад ва тамоми баданам месухт, фикр мекардам як дастам алакай аз кор мемонад, аммо тоқат мекардам, то замоне, ки аз омос хун омад. Баъд аз ин маро дар аввалҳои моҳи феврали соли ҷорӣ ҷарроҳӣ карданд.

Радиои Озодӣ: Феълан чӣ ҳол доред, пизишкон чӣ мегӯянд?

Зарафо Раҳмонӣ: Ҳоло табобат гирифта истодаам ва пизишкон мегӯянд, то як муддати дароз бояд идома ёбад. Ҷарроҳатҳо маҳкам шуданд, аммо аз фардо бояд ба табобати нурӣ шуруъ кунам.

Радиои Озодӣ: Маъмулан, ҷустуҷӯи дармон барои бемории саратон хеле гарон аст, шумо имкони ин ҳамаро доштед?

Зарафо Раҳмонӣ: Дуруст мегӯед, аз таҷрибаи худ ва ҳам қаблан низ медонистам, ки табобати саратон осон нест. Соли 2016 аввалин бор апаи ман бо ҳамин беморӣ аз дунё гузашт, ин замоне буд, ки шароити зиндагии худи ман чандон хуб набуд. Ҳамин боис шуд мо натавонистем апаи худро аз ин беморӣ наҷот диҳем. Баъд аз шаш моҳи марги апаам, шавҳарам ногаҳонӣ аз сактаи қалб даргузашт. Ҳамаи ин стрессҳо ва он ҳодисаҳое, ки дар зиндагии ман буданд, фикр мекунам боиси хуруҷи якбораи саратон дар вуҷуди ман шуд. Вале ман шукр мекунам, ки фарзандонам, дустонам ва хешу табороне, ки дар канор ҳастанд, кумаки худро дареғ надоштанд. Барои ҷарроҳӣ ва табобати баъди он, ба ман созмони хайриявие, ки аз сӯи Манзура Ҷӯраева таъсис ёфтааст, кӯмаки зиёд кард ва ман миннатдорам. Чун табобат доимӣ ҳаст, қарздор ҳам шудам.

Радиои Озодӣ: Ҳоло ҷое кор мекунед ва дар табобату пешбурди зиндагиятон ба шумо кӣ кӯмак мерасонад?

Зарафо Раҳмонӣ: Қабл аз беморӣ бо вуҷуди доштани ду маълумоти олӣ рафтам бозор ва ба тиҷорат машғул шудам. Аммо аз рӯзе, ки ин бемориро дорам, се сол аст ҷое кор намекунам. Танҳо дар пайи беҳтар кардани сиҳатӣ ҳастам. Фарзандонам то қадри имкон кумак мекунанд. Шукр мекунам, ки ҳоло ҳам зиндаам.

Радиои Озодӣ: Шумо аз ҷумлаи даҳҳо узви ҳизби мамнуи наҳзати ислом будед, ки тирамоҳи соли 2015 боздошт шудед ва як сол дар зиндонӣ шудед. Он замон дар бораи бемор шуданатон дар зиндон хабар пахш шуда буд. Нишонаҳои ин бемориро ҳанӯз он ҷо мушоҳида карда будед?

Зарафо Раҳмонӣ: Не он замон ман танҳо бемории нафастангӣ доштам ва дилам каме азият медод, ки ин аз ҳолатҳои изтиробӣ пайдо шуда буд. Дар онҷо барои дилам табобат мегирифтам. Фикр намекунам, ки онҷо саратон будам.

Радиои Озодӣ: Баъди озод шудан аз зиндон бароятон бозгашт ба зиндагии маъмулӣ то куҷо осон буд?

Зарафо Раҳмонӣ: Албатта он як воқеае буд, ки метавонад ба зиндагии ҳар нафар таъсири худашро гузорад. Ман ба зиндагии маъмулӣ хеле бо мушкил ворид шудам. Фикри фарзандонамро мекардам, дар зиндон ҳам ҳамеша дар бораи онҳо меандешидам, чун хурдсол буданд. Вале боз ҳам шукр, ҳама чиз гузашт. Ман ягона саробони фарзандонам ҳастам ва ҳоло як фарзанди апаам низ баъди маргашон ба тарбияи ман вогузор шудааст. Ҳамеша меандешам, ки Худое накарда ба ман чизе шавад, онҳо куҷо мераванд.

Радиои Озодӣ: Даҳҳо бонуи ҷавон ба фаъолияти Шумо бо умедворӣ ва бовару эътиқод менигаристанд. Ҳолате ки мутаассифона, бо Шумо рух дод, ба бонувоне, ки хоҳиши ширкат дар фаъолиятҳои сиёсӣ доштанд, на ҳатман дар ҳизби наҳзат ё гуруҳҳои дигар, чӣ таъсир дошт? Ба гумонатон аз намунаи Шумо пайравӣ мекунанд ё акнун ақибнишинӣ?

Зарафо Раҳмонӣ: Ҳоло намедонам, ман бисёр кушиш мекардам, фаъолияти ҷамъиятии зиёде доштам, мехостам духтарон ҳамеша ба таҳсил фаро гирифта шаванд, ҳамеша соҳибмаълумот бошад ва дар баробари мардон пешрафт кунанд. Мехостам ки зани тоҷик ҷуръат дошта бошад. Ҷавондухтарон дар зиндагӣ пайроҳаи худро дошта бошанд ва хонашину дастнигар набошанд. Аммо бо сабабҳои маълум, намедонам ман то куҷо як улгуе барои онҳо шуда бошам. Намедонам баъди ин ҳама аз ман пайравӣ мекунанд ё не. Баъди он ҳодисаҳое, ки шуд, ман аз ҳама чиз дур шудам, дигар нахостам дигарбора вориди корҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ шавам.

Радиои Озодӣ: Баъд аз шифо ёфтан чӣ нақшаву орзуҳо доред, оё мехоҳед ба корҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ идома диҳед?

Зарафо Раҳмонӣ: Вақте бемор шудам ва ин қадар ниёзмандиву саргардонии як беморро мебинам, агар Худованд ба ман имкон диҳад ва саломатиям барқарор шавад, мехоҳам як созмони хайриявӣ таъсис диҳам. То барои занони гирифтори саратон каме ҳам бошад кумак карда тавонам. Шояд чунин созмонҳои хайрия ҳастанд. Вақте апаамро бо ин беморӣ аз даст додам ва ин ҳама солҳо мебинам, ки як дардманд ба чӣ бештар ниёз дорад, мехоҳам ҳадди имкон дили бемореро шод кунам. Бояд гирифторони саратонро руҳбаланд кард. Ман медонам, ки инсон вақте гирифтори ин беморӣ мешавад, кушиш мекунад ақалан як рӯзи умраш дарозтар шавад ва барои ин ба беморон бояд хушҳолӣ бахшид ва ба зиндагӣ умедвор кард.

Радиои Озодӣ: Яъне шумо ба ин бовар ҳастед ки як роҳи мубориза бо саратон боварӣ ба худ ва таваҷҷуҳи атрофиён ба бемор аст?

Зарафо Раҳмонӣ: Бале, ман низ ҳаминро гуфтанӣ будам. Вақте ман талош мекардам, ки апаамро дар вақти беморӣ дилбардорӣ кунам, аммо ӯ аллакай ба ин беморӣ тан дода буд, ӯ дигар натавонист руҳияи худро барқарор кунад. Худи ман низ ним соли пеш аз дард чунон ранҷ мекашидам, ки дигар умед надоштам зинда мемонам. Ҳатто ман борҳо фарзандонамро наздам фарёд карда, охирон ҳарфҳоямро мегуфтам. Чун дигар аз дард фикр мекардам шояд то саҳар ман зинда намонам. Вале вақте субҳ медамид, ман мегуфтам, ки Худоё ба ман як шонси дигар деҳ ва ман бо ин беморӣ мубориза мебарам. Инсон вақте метавонад ба худ бовар дошта бошад, метавонад ҳама бемориҳоро пушти сар кунад. Фақат бояд шароит фароҳам кард, муҳите бошад, ки тавони беморро барбод надиҳад. Ман ҳамеша ба худам мегуфтам ки ман набояд бимирам, чун фарзандонам бе ман чӣ кор мекунанд.

Радиои Озодӣ: Ҳоло ба чӣ кӯмак ниёз доред?

Зарафо Раҳмонӣ: Агар гӯям, ки ба ҳамагуна кумак ниёз дорам, хато намекунам. Чунки хеле ҳолатҳои сахти моливу равонӣ доштаму дорам. Табибон ҳам мегӯянд, ки баъд аз ҷарроҳӣ табобати ман бояд доимӣ идома ёбад. Ман ташаккур мегуям ба табибони шуъбаи саратоншиносӣ, аммо ҳама доруву дармонро наметавон аз инҷо дастрас кард. Агарчӣ барои ман гуфтан хеле сахт аст вале мегуям, ки ба кӯмак ниёз дорам.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.