Зас: “Дар сурати шиддатёбии вазъ дар сарҳад бо Афғонистон, СПАД ба Тоҷикистон ёрӣ мекунад”

Раҳбари Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мегӯяд, дар сурати шиддатёбии вазъи амниятӣ дар сарҳади Афғонистон, «кишварҳои узви СПАД ба ин ақида ҳамфикранд, ки ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд». Дар ин бора Станислав Зас, дабири кулли СПАД рӯзи 15-уми сентябр дар поёни ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони дифоъ, умури хориҷӣ ва кумитаҳои дабирони шӯрои амнияти СПАД  дар Душанбе ба хабарнигорон хабар дод.

«Толибон» – як гурӯҳи ҷангии усулгарои исломӣ баъди ишғоли аксар қаламравҳои Афғонистон, рӯзи 7-уми сентябр аъзои ҳукумати нави худро эълон кард. Русия бо «Толибон» дар гуфтугӯ буда, Тоҷикистон гуфтааст, ки ба ҳеҷ сурат ҳукумати «Толибон»-ро қабул надорад.

Ҷаласаи шӯрои вазирони СПАД дар Душанбе асосан   вазъи амниятии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои узви СПАД-ро баррасӣ намуд. Дар кори он намояндагони кишварҳои узв – Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. СПАД соли 1992 таъсис шудааст ва соли ҷорӣ Тоҷикистон раҳбарии давраии ин созмонро ба ӯҳда дорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.