Зеленский интихоботи Украинаро ҳамчун овоздиҳии озод ситоиш кард

Президенти Украина Владимир Зеленский аз интихоботи ахир ҳамчун овоздиҳии озод ситоиш ва таъкид намуд, ки кишвар дар самти дуруст пеш меравад. Интихоботи парлумонии  рӯзи 25-уми октябри Украинаро дар таърихи навини ин кишвар  пураҳамият меноманд.  Зеленский бо ишора ба Русияу Беларус дар Фейсбуки худ навишт, «ба фарқ аз бархе ҳамсояҳоямон мо як бартарии хубе дорем, ки метавонем интихоботи озод баргузор кунем».  Ӯ афзуд: “Бале, ман дарк мекунам, ки низоми интихоботии мо беайб нест, мутаассифона, ҳамоно пулҳои чиркину манбаъҳои иттилоотии беинсон ба натиҷаҳо таъсир мерасонанд. Вале мо, бешубҳа, дар самти дуруст ҳаракат мекунем”. Зеленский гуфт, ки ҳар як овоздиҳии озод аз “озод будани Украина” огаҳӣ медиҳад. Зеленский инчунин гуфт, ки бовар дорад шаҳрвандон ҳукуматҳои маҳаллии “мустақил ва корсозе” эҷод мекунанд ва ҳамкории миёни ҳукуматҳои марказиву намояндагиҳои минтақавӣ хуб ба роҳ монда мешавад.

Интихоботи ахири Украина аз он назар таърихӣ арзёбӣ мешавад, ки бори аввал бар асоси қонуни нави интихобот баргузор шуда, салоҳиятҳои ҳукуматҳои маҳаллиро бештар ва вобастагии онҳоро аз Киев камтар мекунад. Интихобот барои худи президент Зеленский ва ҳизбаш “Хидматгори халқ”, ки соли 2019 пирӯзии ӯро таъмин кард, як имтиҳони ҷиддӣ ба шумор меравад. Як пурсиши афкори умум мегӯяд, ки ҳизби президент “як ҳизби популистӣ” буда, барнома ё идеологияи мушаххас надорад ва ба фарқ аз 54 дарсади тарафдораш дар интихоботи соли 2019, ин навбат интизор меравад, ки 17 дарсади раъйҳоро ба даст меорад. Дар пурсишҳои ахири афкори умум дар Украина 70 дарсад гуфтанд, ки кишвар дар самти нодуруст пеш меравад ва мизони маҳбубияти худи Зеленский аз 50 дарсад поин омадааст.

Натиҷаҳои экзит-пол  мегӯянд, ки маҳбубияти “Хидматгори халқ” дар нӯҳ шаҳри муҳими кишвар ва марказҳои вилоятҳо маҳбубият надорад. Ин ҳизб дар ду шаҳри калон дар маркази Украина баранда шуда, дар шаҳрҳои дигар дар ҷойҳои сеюму чорум будааст. Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Украина дар се-панҷ рӯзи дигари эълон мешавад.

Як шабакаи мадании нозири интихобот бо номи “Опора” гуфт, ки овоздиҳӣ дар маҷмӯъ мутобиқ ба муқаррароти қонун гузашт. Комиссиюни марказии интихоботӣ гуфт, ки як қонуншикании умда ин буд, ки рӯзи овоздиҳӣ ҳам таблиғоти интихоботӣ идома дошт, вале, ба гуфтаи ин ниҳод, вусъати паҳншавии ин мушкил чандон калон набуд, ки барои бекор кардани натиҷаҳои овоздиҳӣ сабаб шавад.

Ислоҳоти интихоботии Украинаро ҳамчун қадами муҳим барои дур рафтан аз шакли идоракунии шӯравӣ меноманд ва ин бори аввал дар солҳои истиқлолияти ин кишвар аст, ки чунин тағйироти ҷиддӣ ба амал меояд. Интихобот дар нимҷазираи Қрим, ки соли 2014 аз ҷониби Русия ғасб шуд, ва ҳам қисматҳои шарқии кишвар дар Донетску Луҳанск, ки макони низоъҳои ҷудоиталабони рӯ ба Русия мебошад, барпо нагардид.

Интихобот дар шароите барпо шуд, ки пандемияи коронавирус дар Украина, мисли дигар давлатҳои аврупоӣ, хеле паҳншуда аст. Ба ҳангоми овоздиҳӣ аз раъйдиҳандагон тақозо шуд, ки ниқоб пӯшида фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев ва муштзани маъруф рӯзи 24-уми октябр гуфт, ки ба коронавирус гирифтор шудааст ва бояд дар карантин бошад. Кличко ҳам номзадиашро дар интихобот барои бори дигар ишғол кардани курсии раиси ҳукумати Киев пешбарӣ кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.