Зеварбону Рауфӣ: Насли ман насли ҷавонони “безабон” аст

Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон

“Баҳри ман танҳо забони модарист, чунки шири модар аст,

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест, чунки меҳри модар аст.”

Муъмин Қаноат

Дуруд, ҳаммеҳани азиз!

Хеле вақт буд, ки мехостам, дар бораи забон бинависам, аммо ҳар бор иттифоқе меуфтод ва навиштанро ба дафъаи дигар мегузоштам. Намедонам, ба кадом далел иди забонро, ки дар асл рӯзи 22-юми июл таҷлил мешуд, ба 5-уми октябр, ки баробар бо зодрӯзи президент Эмомалӣ Раҳмон аст, иваз намуданд. Ҳоло далел ҳар чӣ буд, биё, имрӯз на дар мавриди ид, балки каме дар бораи худи забон бо ҳам ҳарф бизанем.

Забон яке аз пояҳои аввали худшиносии ҳар шахс аст, вале дар кишвари мо солҳои сол аст, ки дар атрофи ин мавзуъ баҳсҳои бенатиҷа идома меёбанд. Бештар ба ин баҳсҳо афроди миёнасол ҳамроҳ мешаванд. Ҳузури ҷавонон дар онҳо камтар дида мешавад. Чиро? Сарчашмаи ин ҳол чист? Ноогоҳӣ? Камсаводӣ? Бетаваҷҷуҳӣ? Фикр намекунам.

Бешак, ҷавононе ҳастанд, ки хоҳиш ва тавони иштирок дар хеле аз баҳсҳоро доранд. Лек “дурандешона” сукут мекунанд, чун “ба сиёсат набояд дахолат кард”. Дар кишвари мо ҳар мавзӯе метавонад “сиёсӣ” арзёбӣ шавад.

Насли ман насли ҷавонони “безабон” аст. Насли онҳое, ки наметавонанд ду ҷумларо ба забони модарияшон озодона, бе ҳарос бигӯянд. Насли бетарафҳо, бетафовутҳо… чаро?

Баҳсҳо гирди забон ҳамчунон идома доранд ва хоҳанд дошт. Зеро ба назар мерасад, наслҳои пешина (аз мо бузургтарҳо) хеле чизҳоро байни ҳам тақсим карда натавонистаанд. Барои ҳамин ҳар дафъа баҳси забон бӯйи таънаҳову кинаҳои шахсӣ мегираду бенатиҷа мемонад. Эҳсос мешавад, ки ин баҳс ҳамеша ду тараф дорад. Ҳомиёни “тоҷикӣ” (бо таърихи камтар аз сад сол) ва “порсӣ” ( бо собиқаи беш аз ҳазору анд сол). Кадом тараф ҳақ аст?

Навиштаро “сиёсӣ” намекунам. Зудтар сари асли матлаб меравам. Ин мулоҳизоти як ҷавон аст. Эй “забоншиносон”, “сиёсатмадорон”, “таърихдонҳо” ва ҳамаи онҳое, ки ба ин масъала дахл мекунед. Беҳтар нест айнакҳои “олимӣ” ва “бузургтарошӣ”-ро аз чашмҳоятон бигиред?! Қариб ҳар сол тағйир ва иловаҳо ба имлои забони “тоҷикӣ” ворид мешавад. Шояд “забоншиносон” низ фурсат намекунанд, ки ҳамаи он тағйиру иловаҳоро биомӯзанд, чӣ расад ба мо мардуми оддӣ. Кӯшишҳои “худӣ” кардани алифбои бегона пурхарҷтар аз баргаштан ба алифбои ниёкон нест?

Вақте ҳарф сари бозгашт ба алифбои ниёкон меравад, иддаеро тарс фаро мегирад. Чиро? Шояд дилашон ба буҷаи кишвар месӯзад? Шояд тарси аз даст додани мансаб доранд? Зеро омӯзиши алифбои худиро осон намедонанду ҳамин алифбои бегонаро ҳам ба зӯр ёд гирифтаанд? Шояд ҳам мақсади асосиашон “бесавод” нигоҳ доштани мардум аст? Чун тӯдаро роҳаттар мешавад идора кард.

Рӯз аз рӯз дар кишвар пайванди мардум бо забони модарӣ сусттар мешаваду барои пешгирӣ коре шоиста анҷом намегирад. Чаро? Хеле аз ҷавонон ба ин боваранд, ки омӯзиши забони модарӣ “фоида” надорад. Бештари онҳо “шикаставу баста” русиро забони муошират мегузинанд.

То замоне ки миёни мардум ибораи “забони тоҷикӣ то айрапорта…” вуҷуд дорад ва дар пойтахт “русӣ” ҳарф задан муд аст, насли мо дар ҳар ҷумлааш ками кам се-чор калимаи русӣ илова мекунад. Ё иддае ҳамранги ҷамоат шуда, ба атрофиён тақлид мекунанд. Аз мо гузашт, аммо кӯдакони тоҷик ҳоло ба кӯдакистон не, ба “садик” мераванд.

Фаъолияти чандинсолаи мактаби туркӣ ҳам, ки кори худашро кардааст. Бо чандин тан аз хатмкардаҳои ин мактаб, ки дар вақташ хеле машҳур буд, дӯсту ошноям. Онҳо худашон ҳам дарк намекунанд то чӣ андоза таҳти таъсир қарор гирифтаанд. Омӯхтани ҳеч забоне бад нест. Бошад ки фарзандони тоҷик се-чор забон донанд. Чӣ русӣ, чӣ англисӣ, чӣ ҳамон туркӣ ё ҳар забони дигар. Аммо танҳо ба шарте ки ҳеч кадом аз ин забонҳо ҷойгузини забони модарияшон нашавад! Таърих нишон медиҳад, ки “таъсирҳои фарҳангӣ” аз “таъсирҳои сиёсӣ” қавитар ва умри дарозтар доранд.

Кош, забони афкору ҳастии онҳо, забони рӯҳашон ҳамоне бошад, ки ниёконашон ҳазорсолаҳо бо он, чӣ дар илм, чӣ дар адабиёт қалам суфтаанд ва шоҳкорҳо офаридаанд. Касоне, ки бо забони бегона фикр мекунанд, ҳаргиз ба умқи маъниҳо нахоҳанд рафт, чӣ монад ба баёни он маъниҳо.

Мо бояд ба алифбои худ баргардем, чунки танҳо он замон ибораи “тоҷикӣ то айрапорта…” худ ба худ аз байн меравад. Охир, бо забони ману Шумо чандсад миллион инсон ҳарф мезанад. Доираи илмӣ дар кишвар низ, бешубҳа, фаротар мешавад, олимони “хасакӣ” наметавонанд ба он роҳ ёбанд, чун навиштаи онҳоро на фақат сад – дусад каси наздикашон, балки ҳазорҳо олими дигар мехонанд ва ба он посухи сазовор медиҳанд. Чунин баҳсҳо боис мешавад, ки ба таври худкор сатҳи пешрафтҳои илмиямон афзоиш ёбад.

Фарҳанги мо яке аз ғанитаринҳост, аммо барои рушду ривоҷи он ба афроде ниёз дорем, ки бо забони модарии худ фикр карда тавонанд. Сиёсатбозҳо меоянду мераванд. Миллат мемонад. Вале ман метарсам, агар вазъ ҳамин тавр пеш равад, дер нахоҳад буд рӯзе, ки “тоҷикони нав” асолати моро ба анбори таърих хоҳанд фиристод.

Вақте дар донишгоҳ таҳсил мекардам, устодон вазифа медоданд, ки дар ин ё он жанри публитсистӣ матлабе омода кунем ва он навиштаро дар синф мехондему бо ҳамдарсон таҳлил мекардем. Яъне, то куҷо навишта ба меъёрҳои жанр ҷавобгӯст, то куҷо усулҳои рӯзноманигорӣ дар навишта риоя шуда ва куллан ҳар чи каму кост ё нуктае бартару сазовори таҳсин медидем, мегуфтем. Ростӣ, бо ин вожаи “оммафаҳм” ҳам дар яке аз ҳамин дарсҳои донишгоҳӣ ошно шудам.

Ёдам намеояд кадом навиштаамро дар минбар мехондам, аммо хуб ёдам аст, баъд аз он ки хондамаш ҳамдарсонам ба таҳлил шуруъ карданд. Яке паси дигар мехестанд ва мегуфтанд, ки ҳама чиз хуб аст, аммо “забони матлаб оммафаҳм нест”. Пурсидам: “Яъне шумо навиштаамро нафаҳмидед?” Посух медоданд “Мо мефаҳмем, аммо мардуми оддии кӯчаву бозор намефаҳманд. Калимаҳои адабиро зиёд истифода набаред, журналист бояд оммафаҳм нависад.”

Ин гуфтаҳо маро ба андеша фурӯ мебурд. Дигар вақте ба кӯчаву бозор мерафтам, ба суҳбати роҳгузрон гӯш медодам. То монанди он нависам. Дар соли севуму чаҳоруми донишҷӯӣ хуб медонистам, барои навиштани матлаби “хубу оммафаҳм”, бояд дар навишта калимаҳои русӣ ҳамроҳ карду барои зинда сохтани матн, калимаҳои лаҳҷаиро истифода намуд.

Дигар матлабҳоямро тибқи меъёрҳое, ки тоза аз худ карда будам, менавиштам. Вақти таҳлил ҳам акнун касе ба забони навиштаҳоям эрод намегирифт. Фақат худам будам, ки ҳар аз гоҳе ба фикр фурӯ рафта, ғусса мехӯрдам, ки забони оммафаҳми сарзаминам барои ман дилнишину форам нест. Нороҳат мешудам, ки бо он эҳсоси бегонагӣ мекунам. Аммо ба худ мегуфтам: Ман рӯзноманигорам, вазифаам аст набзи ҳастиям бо набзи мардум яке бошад, то битавонам он чиро бигӯям, ки онҳо мехоҳанд, бишнаванд.

Маро аз ин гуна афкор китобе наҷот дод. Як рӯз достони “Оҳ, мо улоқҳо” аз Азиз Несинро хондам. Ҳаҷв ва зарофати он махсус аст. Достон дар чанд ҷумла он аст, ки улоқҳо (харон) ҳам замоне забони худро доштанду мисли одамон ҳарф мезаданд. Аммо бо гузашти рӯзгор, оҳиста – оҳиста забонашонро аз даст дода, тамоми эҳсосу афкорашонро бо ар-ар кардан, яъне ду садои ҳиҷоии кашидаи и-а, и-а, и-а баён мекарданд. Далелаш ҳам он буда, ки як “улоқи насли қадим” танҳо дар саҳро мечариду ба забони харон суруд мехонд. Сипас бӯйи ошное ба машомаш расид. Ин бӯйи гург буд. Аммо хар ба ин гумон, ки гурге вуҷуд надорад ва ӯ худашро беҳуда метарсонад, чариданро идома медиҳад. Ҳар лаҳза бӯй шадидтар мешаваду нишонаҳои ҳузури гург афзоиш меёбад. Вале хар то дақиқаи охир ба вуҷуди гург бовар намекунад то ин ки гург ба ӯ ҳамла мекунаду ӯро медарад. Ва ин садои ҷонкоҳи ар-ари хар ба ҳукми меъёр медарояд. Пас, бо гузашти замон, ҳамаи харҳо забонашонро гум карда ар-ар карданд.

Ин достон маҷбурам кард, ба масъалаи забон дар кишварамон аз зовияи наве нигоҳ кунам. Бигзор, манзурамро бо мисоле рӯшан созам. Кӯдакеро тасаввур кун, ки нав гап заданро меомӯзад. Ин кӯдак хеле аз калимаҳоро намедонад. Барояш сохтани ҷумла ва баёни дақиқи фикраш мушкил аст. Имкон дорад ҳатто талаффузи баъзе калимаҳо барояш душвор бошад. Ҳоло ба назаратон барои ояндаи ин кӯдак кадом беҳтар аст?

Ин ки ба ӯ иҷоза дод калимаҳоро иштибоҳ талаффуз кунад, калимаҳои тоза ёд нагирад ва аслан ҳар тавре дилаш хост ҷумла бисозад? Ё ин ки талаффузи дурустро нишонаш дод? Калимаҳои тоза ба ӯ омӯхт? Ва баёни афкорашро дар қолаби ҷумлаҳои дуруст ба ӯ ёд дод? Вуҷуди мушкилро иқрор ва дар пайи ислоҳаш шудан беҳтар аст ё инкор кардану бадтар кардани вазъият коре дурусту оқилона аст?

Агар мани рӯзноманигор барои навиштани матлабҳоям ба ҷои забони шевои ниёконам аз забони “оммафаҳм” кор бигирам, он матлаб чӣ фоидае барои рушди забони хонанда хоҳад дошт? Агар омӯзгоре ба ҷои истифодаи забони фасеҳи модарӣ аз забони “оммафаҳм” барои омӯзиши донишомӯзон истифода бибарад, кай ва чи гуна кудакону ҷавонони ин сарзамин забонашонро ёд хоҳанд гирифт?

Шӯрбахтона, миллати мо дар тӯли таърих борҳо қурбони тохтутозу ғорати аҷнабиён шудааст. Аммо ҳамин забон буд, ки сабаби тӯли умр ва иқтидори дубора ёфтани он мешуд. Ангор, чӣ мешуд агар Рудакӣ ҳам амсоли ҳамасрони хеш, ки ба забони арабӣ месуруданд, аз навиштани шеърҳояш ба забони порсӣ худдорӣ мекард.

Ё агар дар ҳассостарин давраи таърихӣ, вақте миллат ба мурури замон азамату шукӯҳи худро ба фаромӯшӣ месупурд, Фирдавсии бузург кохи баланде, эмин аз боду борону газанд барои сухан, барои асотир, барои фарҳангу забони арҷманди порсии тоҷикон намесохт, чӣ бар сари мо меомад? Магар надидаӣ, чӣ мардумоне забону фарҳанг ва дар пайи онҳо ҳувияти худро аз даст додаву нобуд шуданд?

Ҳаммеҳани азизам, насле аз фарзандони баруманд ҳамвора дар лаҳзаҳои тақдирсози таърихи куҳани ин мардум зуҳур кардаанд то миллатамон самандарвор аз хокистари хеш бархезад ва ҷони тозае ба пайкари хаставу ранҷураш дамида гардад. Имрӯз миллати мо дубора муҳтоҷи наслест, ки ба ҷисми хастааш тавоноӣ бахшад. Ҳар яки мо бояд забони ниёконамонро, забони модариямонро пос бидорем. Падарон, модарон, омӯзгорони шариф, биёед, ба насли нав қабл аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ забони модарияшонро дуруст биомӯзонем. Руҳи тоҷиконаро, андешаи тоҷиконаро ва забони тоҷиконаро аз кӯдакони тоҷик дареғ надорем.

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи “Блогистон” ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.