Жан-Пол Белмондоро дар ҳузури аъзои оилааш ба хок месупоранд

Дар Фаронса дар ҳалқаи оила маросими хоксупории Жан-Пол Белмондо, ҳунарпешаи маъруфи синамои фаронсавӣ барпо мешавад, ки ҳафтаи ҷорӣ дар синни 88-солагӣ даргузашт. Рӯзе пеш аз ин дар Париж ҳазорҳо мухлисонаш барои худоҳофизӣ бо ҳунарпешаи маҳуб рафта буданд. Ҷасади Белмондоро ба парчами миллии Фаронса печонида, ба осорхонаи “Ле инвалидес” интиқол доданд. Дар ин осорхона Наполеон хоксупорӣ шудааст ва акнун маросими хайрбод бо ҳунарпешаи қарни 20-21 ҳам дар ин ҷо барпо гардид. Президенти Фаронса Эмануэл Макрон дар ин маросим гуфт, “мо Белмондоро ба он хотир дӯст медоштем, ки ӯ мисли худи мо буд. Жан-Поли азиз, аз даст додани ту ҳаммаънои аз даст рафтани як порчаи дили мо аст”.

Дар маросими хайрбод бо Белмондо дар Париж шахсиятҳои маъруфи кишвар ва ҳамкоронаш иштирок карданд. Ҳазорҳо нафари дигар дар берун барои тамошои ин маросим аз рӯи як экрани калони телевизионӣ ҳозир шуданд. Баъдан онҳо ҳам дар як навбат барои гузаштан аз назди қабри марҳум имконият пайдо карданд. Бори охир дар Фаронса бо чунин шева президенти собиқ Жак Ширакро дар соли 2019 ба хок супурданд.

Жан-Пол Белмондо солҳои 1950 ба синамои фаронсавӣ ворид шуд ва давоми даҳсолаҳо яке аз маъруфтарин ҳунарпешаҳои ватаниву хориҷӣ гашт. Аксар филмҳое, ки ӯ бозӣ кардааст, мазҳакавӣ ва моҷароҷӯёна буда, дар миёни тамошобинони Иттиҳоди Шӯравӣ филми “Профессинал”-аш фавқулодда  маъруф буд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.