Журналистон аз ИМА хостанд, ки коҳиши мӯҳлати визаи расонаҳоро бозбинӣ кунанд

Иттиҳоди садову симои Аврупо (EBU), ки аз эътилофи созмонҳои матбуотӣ иборат аст, дар як дархости муштарак аз номи 24 созмони матбуотӣ дар ҷаҳон аз ҳукумати ИМА хост, ки тарҳи коҳиши мӯҳлати виза ё раводиди будуши хабарнигорони хориҷӣ дар ин кишварро бозбинӣ кунад. Дар дархости ин созмон тақозо шудааст, ки пешниҳоди аз 5 сол ба 240 рӯз кам кардани визаи будубоши кормандони расонаҳо дар ҳудуди ИМА-ро бозбинӣ кунанд. Ин навъи виза дар сурати тамдид ба кормандони расонаҳо боз ба мӯҳлати 240 рӯзи дигар ҳақи истодан дар хоки Амрикоро имконпазир мекунад. Изҳороти рӯзи 25-уми октябри EBU мегӯяд, ки мӯҳлати ками будубош дар ИМА ба кори расонаҳои хориҷие, ки бо пӯшиши таҳаввулоти ИМА машғул ҳастанд, осеби ҷиддӣ мерасонад. Зери ин дархост чандин расонаҳои боэътибори мисли Reuters, the Associated Press, Agence France Presse, CBS ва Федератсияи байналмилалии журналистон имзо гузоштаанд, ки мухотабонашон дар маҷмӯъ беш аз 1 миллиард аҳолии сайёраро ташкил медиҳад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.