Журналистони боздоштшуда дар Минск барои ширкат дар эътирозҳои ғайриқонунӣ гумонбар мешаванд

Яке аз шаш журналисти боздоштшудаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки шоми 27 август эътирозҳои Минскро пӯшиш медоданд, бо иттиҳоми ширкат дар намоишҳои ғайриқонунии эътирозӣ боздошт шудааст. Ин нафар яке аз 35 журналист ва дар маҷмӯъ 260 нафар аст, ки ба иттилои маркази “Весна” шоми 27 август боздошт шудааст. Андрей Ярошевич, ки наворбардори фрилансери ТВ “Настоящее время” мебошад, дар муқобили парвандаи маъмурӣ қарор гирифтааст ва қазияи ӯ метавонад бо ҷаримабандӣ ваё ҳабси воқеӣ анҷом ёбад. Қазияи ӯ рӯзи 28 август дар як додгоҳи Минск муҳокима мешавад. Шоми 27 август дар маҷмӯъ шаш хабарнигоре, ки барои РАО/РО, ТВ “Настоящее время” ва “Садои Амрико” кор мекунанд, дар ҷараёни пӯшиши эътирозҳои мардумӣ дар Минск боздошт шуданд.

Хабарнигорони бахши Беларусии Радиои Озодӣ Олег Груздилович, Андрей Рабчикай ва Алес Дашунский дар майдони Истиқлолияти Минск боздошт шуданд. Владимир Гридзин дар майдони Озодӣ боздошт шуд. Каме дертар ҳама, ба истиснои Ярошевич, озод шуданд.  Ба иловаи ӯ рӯзи 28 август се журналисти расонаҳои дигар ҳам дар идораи полис монданд. Онҳо низ барои ширкат дар намоишҳои эътирозии ғайриқонунӣ муттаҳам мешаванд. Беларус баъди интихоботи президентии 9 август шоҳиди эътирозҳои бесобиқаи мардумӣ шудааст. Эътирозгарон бекор шудани интихоботеро талаб доранд, ки бо пирӯзии президенти амалкунанда Александр Лукашенко анҷомид.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.