Зидди Аун Сан Суҷии 75-сола айб эълон шуд

Матбуот хабар медиҳад, ки полиси кишвари Мянмар зидди Аун Сан Суҷӣ айб эълон карда ӯро то 15-уми феврал ба ҳабс гирифт.  Артиши Мянмар рӯзи 1-уми феврал қудратро ғасб кард ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Аун Сан Суҷиро боздошт кард. Ин таҳаввулот боиси пешгирӣ аз   интиқоли демократии қудрат ва маҳкуммияти ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ шуд.  

Дар иттиҳоми полис гуфта шудааст, ки дар паи кофтукобҳои манзили  Аун Сан Суҷии 75-сола  дар шаҳри Нейпидо ратсия пайдо шуд ва дастгоҳҳои радиои марбут ба ин ратсияҳо бидуни иҷоза ба берун бурда шудаанд. Иттиҳоми ҷудогона бар асоси қонуни мудирияти вазъи изтирорӣ алайҳи президенти барканоршуда Вин Мин ворид шудааст.  Аун Сан Суҷӣ аз соли 1989 то 2010 дар ҳабси хонагӣ буд ва баъди ин дар кишвар таҳаввулоти демократиро раҳбарӣ кардааст. Бо вуҷуди ин ки баъди саркӯбу таъқиби мусалмонони Роҳинҷа дар соли 2017 обрӯяш дар хориҷа халалдор шуд, дар дохили кишвар як шахсияти фавқулодда маъруф боқӣ мемонад. Ҳизби Лигаи миллии демократии ӯ дар изҳороте гуфт, ки дафтарҳои ин ҳизб кофтукоб шудааст. Ин ҳизб аз мақомоти нав даъват кард, ки даст аз амалҳои ғайриқонунӣ бардорад. Ҳизби мазкур дар интихоботи 8-уми ноябр пирӯз шуд. Вале ахиран фармондеҳи артиш Мин Аун Хлайн қудратро ба даст оварда гуфт, ки интихобот олуда ба тақаллуб гузашт.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.