Зиддисонсур: Андешаҳои Мунаввари Мунаварзод перомуни мушкилиҳо дар хатти форсӣ

Об куҷо мēравад? – 3
(Андēшаҳо пēромуни мушкилӣҳо дар хатти форсӣ)
Ҳо, ҳамӣн-хēл: “Об куҷо мēравад?” Бо тазаккури дӯстē аз гурӯҳи “Забони порсӣ” вожаи “ба” гирифта-шуд (ҳарчанд бӯдани вожаи “ба” дар ӣн-ҷо зийодӣ набӯд, аммо набӯданаш ба назарам биҳтар нумӯд).
Аввалсухан
Аз замони дар “Фейсбук” нашр шудани пēшниҳодам “Об ба куҷо мēравад? – 2” бēш ду моҳ сипарӣ шуд. Бойад бигӯйам, ки он – ҳēч набошад – йагон 30 бор дар сафҳаи асосӣ нашр шуд, ба ҳудӯдан 50 нафар аз “дӯстон”-ам ва чанд гурӯҳи б. и. “марбӯта” ъалоҳида фиристода шуд, ба нашриййаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Адабиёт ва санъат”, “Омӯзгор”, “Имрӯз News”, “Тоҷикистон”, “Миллат” ва “Фараж”, ӣнчунӣн ба Кумитаи истилоҳот ва истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сойти “Ахбор.соm” дуборӣ (!) ва сойти “Радиои Озодӣ” фиристода шуд.
Танҳо чанд-нафар аз корбарони фейсбукӣ 2-3-ҷумлаӣ чӣзҳоē бадарднахур назар доданд, чанд-касē ҳам танҳо ҳиммати онро карданд, ки тасвӣрҳои “хēлē хӯб” ва “лайк”-ро ироъа намойанд. Аз гурӯи фейсбукӣи “Дуруст бинивӣсем” онро дарравакак ҳазв-намӯданд: “Нет статъи – нет проблем” (рӯсӣ)! Ва… таврē дар йак-серийоли ēронӣ қаҳрамони он мēгӯйад, дигар – ҳēч. Ҳо, дар бораи палавхӯрӣҳо ва ҷашнҳои зодрӯзи касонē (дӣгарашро намēгӯйам) – матнҳои калон-калон мēнивӣсанд (ӣн-ҳодисаҳо баройашон ХĒЛĒ муҳимм-аст), лēкин дар робита ба пēшниҳоди табдӣли алифбо – “подумаешъ”, кудом-аблаҳē пēниҳодакē номуҳимм кардааст!” – аслан, ҳēч.
Ростӣ, баъзē ҷавобҳои шиъоргӯнаи – коршиносонаи – б. и. “нест бод!”, “марг бар душманони миллат!”, “қобили қабул нест!” ҳам (чӣзē ба монанди сангсор) бӯданд. Шахсē-ҳам нивишт, ки: “онро (пēшниҳодро – М. М.) ба ғайр аз Мунавварзод дигар касе хонда наметавонад” ва ошноē наздӣк-ҳам нивишт, ки ӣн авохир вақташ кам аст.
Шойад чанд-ҳафта вақти хēлē камē бошад, аммо фикр намēкунам, ки чаҳор сол (!) замонē кӯтоҳ бошад: йак-дӯсти забоншиносам, ки бойад ба чунӣн мавзӯъ ҳассос бошад, ҳēч не-ки ба матлаби аввалӣнам дар мавзӯъи табдӣл йо таъвӣзи алифбо-мон посухēам бинивӣсад (Ҳоло ман дар тардӣдам, ки: “Ҷавоби аҳмақ – сукӯт” йо “Сукӯт – аломати ризо”?!)
Йак-шиносам тавассути чат ба ман суъол дод, ки: камбӯдӣҳои хатти форсӣ дар нисбати хатти лотӣнӣасоси пēшниҳодкардаат чист? Ва ӣн таҳрӣкē дар нивиштани матлаби зайл гардӣд. Пēшопēш ӣн-ро зикр бикунам, ки, орē, хатти порсӣ зēбост ва дӯстдоштанӣ. Аммо на бēштар аз ӣн (“ҳар-касēро баҳри корē сохтанд”).
Бойад таъкӣд-ҳам бикунам, ки хӯб хонда ва нивишта тавонистани хатти форсӣ барои ҳар тоҷӣк қобили дастгӣрӣ-ст (мусаллат-бӯдан ба хутӯти мēхӣ, авестоӣ, паҳлавӣ, монавӣ, суғдӣ, бохтарӣ…, инглӣсӣ, рӯсӣ, фаронсавӣ, ъарабӣ ва забонҳои дӣгари ҷаҳон – ҳатто таҳсӣнбарангēз), балки б. и. фарз аст. Дар ӣн-ҷо гап бисйор бошад-ҳам, бигзарēм-ҳоло…
Сароғоз
Иддиъо мēшавад, ки хатти ъарабӣ, аслан, ҳамон-хатти форсӣ-ст (дар ӣн-маврид “торӣхча”-и хатти ӣломӣ йодоварӣ мēгардад) ва ъарабҳо аз он истифода карда, алифбо-ву – бадӣҳӣ-ст – хатти худро сохтанд; ва ēронӣҳо-ҳам бар асосӣ он, йаънӣ алифбои ъарабӣ, хатти худро ӣҷод-намӯдаанд (албатта, баъдтар ба он чаҳор ҳарфи “худӣ”-ро афзӯда). Бисйор донишмандон бар ӣнанд, ки агар он, алифбои забони ъарабӣ, аслан, ēронӣ мēбӯд, имрӯз хатти ъарабӣ аз ҳамон-ҳарфҳо бархурдор мēбӯд.
Йодоварӣ намӯдани ӣн нукта лозим-аст, ки ēронӣҳо пēштар аз ӣн-хатт, ки дар қарни 7 дар пайи истӣлои Ēрон (давлати Сосонийон) ва баъдтар – Варорӯд\Фарорӯд аз тарафи аъроб бар ӣн марзубӯм таҳмӣл шуда-бӯд (ҳамроҳ бо дӣни ислом), алифбо йо хатти паҳлавӣ (суғдӣ, бохтарӣ…) доштанд. Ӣнро-ҳам бойад зикр-кард, ки бо судӯри фармонē вēжа истифодаи хатти паҳлавӣ (ҳатто дар номанигорӣ!) муҷрийон иъдом (бо бурӣдани сар!) мēшуданд.
Албатта, бисйорē аз мардуми маҳаллӣ сарзамӣни аҷдодӣи худро барои ҳамēша тарк-карда, ба кишварҳои дӣгар (масалан, ба Ҳинд) рафтанд, то чароғи хатти паҳлавӣ ва дӣнашонро ҳамоно фурӯзон нигаҳ-доранд, аммо ъавомм-у “мормӯлак”-ҳоē, ки монданд ва хатти ъарабӣасос-у дӣни исломро “бо оғӯши боз” қабӯл-намӯданд, аксари кулл буданд. (Ӣн мавзӯъ йо мақӯлаи дӣгар-аст.)
Ҳамӣн-тавр ēронӣҳои мутамаддӣн дорои хатти бēгонаи “худ” (хатти форсӣ) шуданд, ҳарчанд ҳурӯфи он ба талаботи комили савтийоти забонашон созгор набуд. Танҳо бо гузашти бēш аз чорсад-сол (қарни 5-и ҳиҷрӣ йо 11-12-и мӣлодӣ) мардуми ӣн-сарзамӣн тавонистанд, ки ба алифбойашон чаҳор ҳарфи аслӣи форсӣи پ(П), چ(Ч), گ (Г) ва, ахӣран, ژ (Ж)-ро биафзойанд, то дӣгар, масалан, گل -ро کل فارس – پارس), پا با -, ژاله جاله –…) нанивӣсанд.
Ҳарчанд дар бисйорē аз луғатномаҳо то хēлē ъасри дӣгар ҳамоно “бо ҷӣм-и форсӣ”, бо “бо-кофи форсӣ”,.. нивишта мēшуд. Акнӯн хатт комилан “форсӣ” шуда-бӯд ва бо он осори хēлē бузурги адабӣ ва ъилмӣ нивишта-шуд. Дар тӯли замонаҳо равшанфикрон-у соҳибназарон дарйофтанд, ки ӣн-хатт талаботи нивишторӣро ба гӯнаи комил бароварда намēтавонад. Онро чанд-бор “тармӣм” карданд (масалан, воридсозӣи ъаломатҳои китобат), аммо ӣн-ҳама зоҳиран натӣҷаи дилхоҳ ба бор наовард.
Кӯшишҳои тағйӣри он дар садаи 20 ба алифбои лотӣнасос ноком монданд: халқи ба он ъодат-карда ва ҳокимонаш ба ӣн роҳ-надоданд, ҳарчанд розӣ-шуданд, ки дар забонашон калимаҳои хēлē бисйори ъарабӣ ҷойгузӣни вожаҳои ноб-у асӣли порсӣ шаванд (дар натиҷа тақрӣбан 70 %-и забони расмӣи Ēрон бо калимаҳои ъарабӣ “истӣло” шудааст). Иҷозат диҳēд, ӣн-амрро нӣз ба арзи ҳузӯратон бирасонам, ки тартӣби алифбоҳои форсӣ (порсӣ) ва ъарабӣ тақрӣбан йаксонанд. Бигзарēм.
Ба гуфтаи боло ӣнро бойад афзӯд, ки истӣлои ъаҷнабӣ ғолибан худ ба худ йо лузӯман бар зарари “фарҳангӣ”-и мардуми бӯмӣ йо ҳамон таҳҷоӣ анҷом найофтааст – хосса, вақтē-ки хатти онҳо аз хатти бӯмӣҳо комилтар-у саҳӣҳтар буд. Аммо агар ворӯнаи ӣн-амр бошад… Бигзарēм, ҳо, бигзарēм!
Камē дар бораи масоъил ва мушкилоти хатти форсӣ
Нахуст, дар хатти форсӣ садонокҳои кӯтоҳ дар аввал ва байни калимаҳо бо ҳарф ифода намēшаванд. Шойад иддиъо шавад, ки ӣн “масъала”-ро ҳаракаҳо йо ҳамон-иъробҳо “ҳал” мēкунанд. Ҳо, агар онҳо ҳарфē мēбӯданд, ки нивиштанашон ҳатмӣ ва лозим аст. Аммо онҳо ҳарф нēстанд ва дар мавридҳои зийод-ҳам оварда намēшаванд, чун нивӣсанда дар ӣн-кор шойад лузӯмиййатро қоил набошад ва йо ба фаромӯшхотирӣ роҳ-диҳад. Хуб, масалан, йак-ҷумлаи кӯтоҳ, ки нивӣсандаи он овардани ҳаракатро, агар ҳамӣн-хēл гуфтан мумкин бошад, осон фаромӯш-кардааст: او مخاطب اسب .
Шумо хонда тавонистēд? Орē, гуфтēд? Офарӣн! Ман, ростӣ, натавонистам. Шойад мēтавонистам-ҳам, аммо сӯхти (бензини) саводам расо дар сари дуроҳаи مخاط… тамом шуд (барои чи, мēдонēд: натавонистам, ки “мухотаб” бихонам он-калимаро, йо – “мухотиб”. Воқиъан, ӣн ҳоло дарди “ба-хайр” аст). Мисолҳои дӣгарро ҳам мēтавон овард, валӣ, – ҳо, чи лозим…
Ҳарфи аввали алифбои форсӣ “алиф” шакли… ا -ро дорад. Ҳарфи дӣгарē-ҳам ҳаст: порсӣаш – “алифи мамдӯда” (напурсēд, ъарабӣашро намēдонам). Шаклаш – آ . (Лутфан, қисмати баъдӣро ҷиддӣ нагӣрēд). Ва ӣн-ҳам барои “зӣна”-и аввал “даъвогар”-аст. Хуллас, гӯийо ӣн “марди-худо”-ҳо ба қарорē омадаанд, ки: хуб, бигзор дар аввал آ ҳамӣн-хēл – кулоҳбасар – бошад, лēкин дар байн ва охири вожаҳо, лутфан, “кулоҳ” (мадда)-ашро гӣрад ва асосан овози “о”-ро ифода кунад; اтанҳо дар аввали калимаҳо ойад, то йакē аз садонокҳои кӯтоҳи “а”, “и”, “у”-ро ифода-намойад (Истисно: ӣн-ҳарф – ا– дар байни калимаҳои нодири б. и. сохта нӣз ҳамчун “а”, “у”, “и” мēойад); Дар байни вожа йо калимаҳо ба ҷои мусавватҳои кӯтоҳ аслан на ӣн ойад-у на – он: танҳо дар назар дошта-шаванд (чун дар ҳамон-хатти ъарабӣ). Вассалом!..
Овози “т”. Барои ифодаи он аз ҳарфҳои ت ва ط(ҷудо-ҷудо) истифода мēгардшавад. “Вазӣфаи хонагӣ”: ﺓ(Касē-ки номи ӣн-ҳарфи соф-ъарабӣ ва гӯнаи форсӣиро онро “мēйобад”, 1 имтийоз (балл) бēштар хоҳад-гирифт: “Зинда-бод дӯстӣи халқҳо!..”).
Овози “с”-ро ба ъалоҳидагӣ се ҳарф (س, ث, ص) ифода мēкунанд (“Зинда бод дӯстӣи халқҳо!”). Зимнан, агар вожаи порсӣи “сад” (ъадади 100) صد нивишта шавад, вожаи дар таркӣбаш ӣн-ъададро доштаи “сада” (ба маънои ҷашни маърӯф, сад сол ва воҳиди саднафарӣи низомӣ) سدهнивишта мēшавад. Қисмати “60” нӣз чунӣн бӯда. Чиро? Ростӣ, намēдонам.
Овози “з” дар хатти форсӣ бо 4 (чаҳор) ҳарф ифода карда-мēшавад (!). Кудомҳо? Хайр, худатон мēдонēд. Фақат йак-мисолӣ мēорам: زینت, ذره, مضمون, حافظ … Чиро чаҳор ҳарф? Ӣн-ҳам – вазӣфаи хонагӣ (Ҳамон шиъори “дӯстӣи халқҳо”-ро дар хотир дошта-бошēд, ҳо!..)
Ъаломати “ҳамза” – ء – овози чӣзē наздӣк ба… сакта ва йо овози ҳарфи ع-ро адо мēкунад ва зоҳиран зӣнатӣ-ст (дар бораи ҳарф донистан-у дар алифбо “ҷо” йофтани он ихтилофи назарҳо мушоҳида мēшавад). Ҳарф нест. Баъзан он – баъди б. и. сомит (ҳамсадо)-и ه(ифодагари овози… “а”) – ҳамчун “изофат” (-и) – гузошта мешавад. Ҳо, ахӣран ӣн “вазӣфа”-ро ҳарфи нӣз иҷро мекунад (лēкин – таврē мēгӯйанд – “бēрӯн аз конкурс”).
Ҳарфи و. Ба арзи ҳузӯратон бирасонам, ки он овозҳои “в”, “ӯ”, (вови маърӯф – дароз талаффуз-мēшавад), “-у” (вови истиқроб) адо мēкунад (ҳамчун вови маъдӯла – ҳӣчӣ (ҳēч овоз)-ро): وادی, دود, روز, خواهر, عمرو. Ӣн ҳарф дар мавориди муъаййан “такйа”-и ءмēшавад (مومن, موذی , رویا). Ба танҳоӣ он мēтавонад “-у”, “-ву” йо “ва” хонда шавад, ки ӣн дар маворидē “масъала”-соз аст.
Барои ифодаи овози “ҳ” дар хатти форсӣ 2 (ду) ҳарф мавҷӯд-аст: ه ва ح. Чанд-мисол: ماه, شهر, قهرمان, لحظه, حاکم, احترام. (Таврē мēбӣнēм, дар калимаи “لحظه” ҳам حмавҷӯд-аст, ҳам – ه. Ва, агар йакē (ح) овози “ҳ”-ро адо кунад, дӣгарē (ه) ифодагари овози “а” мēбошад.)
Воқиъан, ҳарфи ه , ӣнчунӣн, овозҳои “ҳ” ва “а” (танҳо дар охири калима; “е” – дар Ēрон) нӣз адо мекунад: (“на” ва “нуҳ”)هنر ,مهمان ,نه , طویله.
Ҳарфи یбарои ифодаи овозҳои зайл аст: ӣ (и-и “дароз” (ӣ)): تیر), й (کیها) , ē (е-и “дароз”(ē)): زیر, о (йои мақсӯра: تقوی). Агар он баъди -اи аввали вожа\калима ойад, ҳамроҳи он, ағлабан, овози “ē”-ро мēдиҳад (ایران, ایدون, ایشان) (ӣн-ҷо “истисно”-ҳо бисйоранд: ай-, ей, ӣ-). Бигзарēм…
Ҳамӣн-тавр, мушкилоти ъумда дар хаттаи форсӣ иборатанд аз:
– бо ҳарф ифода-нашудани мусавватҳои кӯтоҳ дар оғоз ва байни калима (а, и, у);
– йак-овозро ифода-намӯдани чанд-ҳарф (ه – ح؛ ت – ط ع – ء؛ ا – ء – ی؛ و, ئو؛; .ظ – ض – ذ – ز؛ ص – س – ث
– чанд-овозро адо-кардани йак-ҳарф (ا, و, ه, ی);
– чанд-овозро адо-кардани йак-ҳарф (ع+ا, ع+و, ع+ی ا, و, ه, ی);
– дар мавориди махсӯс овозēро ифода накардани ҳарф (و, خ);
– масоъили ҷои бархē ъаломатҳои китобат дар ҷумла;
– қавоъид ва истисноҳои бисйор;
– ба гӯнаҳои мухталиф хондани баъзē калимаҳо (دیر…,شیر ,دود ,نه , ده ,عالم ,دور );
– ҳангоми хондани матнҳо бо хатти форсӣ ҳуши кас бойад ҳамēша “сари ҷойаш” бошад (валӣ баъзан ӣн-ҳам ба саҳӣҳхонӣи матн кумак намēкунад);
– чанд мушкил ҳангоми хондани матнҳои қадӣмӣ.
Камē латра
Мēтавон ҷумлаи дарозро то охираш хонд, то воқиф гардӣ, ки вожаēро иштибоҳӣ (хато) “хондаӣ”.
عالم عالم-ро мēшавад ҳам “Ъолими ъолим” хонд ва ҳам – “ъолами Ъолим”, ҳам – “Ъолими “ъолим””. Лēкан манзӯри нивӣсандаро фақат худаш мēдонад-у Худо.
صدیق -ро мēтавон ҳам “сиддӣқ” хонд, ҳам – “садӣқ”.
اولا-ро мēтавон ҳам “авло” хонд ва ҳам – “аввалан”. Ҳамӣн-тавр, رو -ро – “рав” йо “рӯ”, دور-ро – “давр” йо “дӯр”, … Ӣн – дар омади гап (ҳамон “зимнан”).
Масъалаи ифодаи таркӣби ای ( بدین, زین, کاین,وین). Ҳамон زین ҳам “зӣн” ва ҳам “з-ӣн” (мухафафи “аз ӣн” дар шиър) мēшавад. وینҳам: а) мухаффафи “ва ӣн” (“в-ӣн”); б) Вийан – пойтахти Утрӣш.
Ба назар мēрасад, ки дар охири калима пас аз ҳарфи дар асл бо -هхотимайофта мусаввати кӯтоҳ бо اнивишта мēшавад (“к-андар” – کاندر; к-ӣн – کاین; “к-он” – ?).
Ҷумлаҳои а) “Дӯст”-и Дӯст, б) Дӯсти “дӯст”-ро чи гӯна бойад нивишт?
Орē шавад, ва-лēк ба хӯни ҷигар шавад…
Агар таркӣби “в-о…” وا (وان, масалан, ки бēбаҳс нест) маълӯм бошад, тарзи нивишти таркиби “в-а…” (“в-афкор”, “в-анор”, “в-асрор”) ҳанӯз ҳам маълӯм нест (йо шойад маълӯм бошад-у…). Ҳамчунӣн тарзи имлои таркӣбҳои “в-и…”, “в-у…”, ва “в-ӯ…” (масалан, “в-иштийоқ”, “в-имрӯз”, “в-уфтод…”, “в-устод”, в-ӯстод ва…) маълӯм нест.
Ҳарфи پ овози “п”-ро ифода мēкунад. Ӣн-овоз сараввал бо ҳарфи ب ва гоҳē-ҳам бо ҳарфи فифода мēшуд. Мисолҳо намēорам – бигзор ӣн-кор “вазӣфаи хонагӣ”-тон бошад.
Дар хатти форсӣ зада (`) корбурд намēшавад: بشنو از نی چون حکایت میکند….
Арқом доранд нивишти б. и. “ъарабӣ” йо “рӯмӣ”-ро мēгӣранд: 2 (۲), 4 (۴), 5 (۵)…
Ба назар мēрасад, ки ēронӣҳо дуовозӣ йо дифтонги ”ув” доранд: чи – дар адои калимаҳои аслан ъарабӣ, чи – дар талаффузи вожаҳои порсӣи ноб (ҳамон “-ав”-и форсӣгӯйони Афғонистон ва Тоҷӣкистон): دولت – روز – مولانا – نو….
Масалан, ēронӣҳо вожаи “равшан”-ро аз забони б. и. тоҷӣкӣ гирифта, روشن, ва ъайнан ҳамонро, ки аз забони рӯсӣ (масалан, агар номи шахсро ифода карда бошад), гирифта, راوشان мēнивӣсанд (ҳатто донишмандони забоншинос).
Ҳарфҳои غ(ғайн) ва ق (қоф) дар Ēрон овои тақрӣбан йагона доранд: чӣзē наздӣк ба “қ”. Дар Тоҷӣкистон ва Афғонистон онҳо овозҳои дӣгар-дӣгари “қ” ва “ғ”-ро ифода мēкунанд.
Нивишти имлои луғоти ҷуғрофӣ, номҳои “хориҷӣ” (ба ҷуз ъарабӣ) ва ғ., ба ъақидаи ман, таҷдӣди назар мēхоҳад.
Овози “ж”. Он бо ҳарфи асӣли форсӣи ژифода мēгардад. Дар аввалҳои хатти форсӣ (то авоили садаи XII он бо جифода карда-мēшуд (“ҷӣми форсӣ”).
Мисолҳои “ъаҷӣб-ғарӣб”-ē ҳастанд, ки оварданашон дар ӣн-ҷо аз рӯи адаб нест.
ا ва ی дар аввали вожа ағлабан овози “ē”-ро ифода мēкунанд: ایدون(ēдӯн), ایزد (ēзад), ایرانی (ēронӣ), ایچ(ēч), валӣ – اینها(“ӣнҳо”), ایوان(“айвон”, “Ӣвон”), ایستادن (ӣстодан).
Масоъили ء. Мисол намēорам: ӣн-кор хастакунанда-аст.
Тасаввур кунēд, ки дастнивӣси садаи IX-ро хонда ӣстодаēд ва ҷумлаи зайл пēш мēойад: این کمان است . Ҷумлаи дастнивӣси, масалан, садаи Х “من بریدم”-ро чи гӯна бойад хонд? Гирифтēд?..
Ҳо, иддиъо мēшавад, ки “агар хатти форсӣ дар Тоҷӣкистон ба ъунвони расмулхатт йо хатту алифбои расмӣ пазӣруфта нашавад, мо аз гузаштаи худ канда мēшавēм”. Ӣн “гусистан” бо торӣхи тоисломӣамон ойо рабтē дорад? Дӣгар, ҳар тоҷӣкистонӣ, ки мēхоҳад аз адабиййоти б. и. клосӣкамон бархурдор шавад, бойад бар хатти форсӣ мусаллат бошад – чи тавассути “кумак”-и ҳукӯмати кишвар (дар макотиб), чи – бо ъишқи худ (омӯзиши мустақиллона, чун бисйори онҳоē, ки ҳоло доранд ӣн сатрҳоро мēхонанд). Ба дӣгараш, таврē мēгӯйанд, – “салавот”.
Охирсухан
Орē, хатти форсӣ зēбост. Чун рӯдхона (дарйо). Лēкин дар зēри оби он чи сангҳоē ниҳонанд. Барои ӣн-ҳам ӣнро мēгӯйам, ки вақтҳои ахӣр дар фазои маҷозӣ (хосса дар “Фейсбук”) сарусадоҳои ҷойгузӣн кардани хатти форсӣ бар симати расмулхатти Тоҷӣкистон зийод шудааст. Ба андēшаи ӣн-ҷониб ба ъунвони расмулхатт бойад хатт йо алифбоē интихоб гардад, ки сода-ву созгори гӯиш бошад, истисноҳои бисйор надошта бошад, “каммасъала” бошад, мушкилро наафзойад. Ҳо, мо мēравēм (аз саҳнаи зиндагӣ), валӣ бойад корē кунēм, ки ақаллан дар ӣн ҷодда барои наслҳои дӣгар “санг”-ҳои душворӣ нагузорēм…
Кофӣ-ст. Сараввал-ҳам пēши худ ъаҳд карда-будам, ки ӣн-матлабро кӯтоҳ мēнивӣсам. Аммо ӣн хатти форсӣ моро “ба Бангола” бурд. Иддиъоҳои дӣгар-нӣз ҳастанд, аммо, таврē мēгӯйанд, “ба доно – ишорат” йо “мушт – намӯнаи харвор”. Бигзарēм…
Мунаввари Мунавварзод,
1-уми нувомбри соли 2020
P. S. Тарзи нигориши (имлои) манро “ба дил наздӣк нагӣрēд” (матлаби нахустӣнам дар ӣн-бора – “Об ба куҷо мēравад” – солҳои 2015 ва 2016 нашр шуда бӯд ва дар гурӯҳи фейсбукӣи “Мунавварзод” ҳаст. Воқиъан, дар он матлаби “Об ба куҷо мēравад? – 2” нӣз ҳамēша пēшкаши шумост.
P. P. S. Аз ъазӣзони ба тақдӣри нивишторамон бēтафовут-набӯда хоҳиш мēшавад, ки назароти коршиносонаи худ ба ӣн мавзӯъро, лутфан пēшкаши ҳамагон бикунанд.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.