Зинатуллоҳи Исмоил: Сафинаи фарҳангу маънавият

Муассисаи давлатии «Телевизиони «Сафина» муддати понздаҳ сол мешавад, ки дар фазои иттилоотӣ фаъолият намуда, бо барномаҳои ҷолибаш дар қалби тамошобинони дохилу хориҷи кишвар маскан гирифтааст. Барномаҳои ин шабакаи телевизионӣ, ки асосан фарҳангӣ мебошанд, барои таблиғи фарҳанги кӯханбунёди тоҷикон, татбиқи ҳадафҳои давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи фарҳанг ва инъикоси ҳаёти мадании кишвар хизмати сазовор мекунад. Дар ин муддат амалӣ шудани даҳҳо лоиҳаҳои нав ҷолибияти барномаҳоро таъмин намуда, Сафинаро чун як шабакаи телевизионии рақобатпазир дар бозори иттилоотии Тоҷикистону минтақаи Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуд. 

 Руҷӯи таърихӣ

Моҳи марти соли 2005 дар ҳайати роҳбарикунандаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал омад. Аз рӯзҳои аввал эҳсос мешуд, ки бо тағйири роҳбарият шеваи кор дар ин ниҳоди муҳим  иваз мешавад. Ин аз як тараф эътимоди комили сарвари давлат ба мутахассисони ҷавон буд ва аз тарафи дигар насими дигаргуниҳо дар фаъолияти роҳбари ҷавон эҳсос мегардид.

Рӯзи 16 апрели соли 2005 дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон изҳор доштанд, ки «бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ ва завқи бадеии мардуми кишварамон вақти он расидааст, ки Ҳукумат ва кумитаи телевизион ва радио масъалаи таъсиси канали махсуси фарҳангиро ҳамчун барномаи дуюми телевизиони марказӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор диҳанд».

  Воқеан, ҳарчанд  соли 14-уми истиқлолияти давлатӣ оғоз ёфта буд, вале ҳамоно дар фазои иттилоотии кишвар фақат як шабакаи телевизионӣ амал мекарду халос. Табиист, ки барои баровардани ниёзҳои мардум, аз ҷумла ба таъсиси шабакаи нави фарҳангӣ эҳтиёҷ зиёд буд. Вале амалӣ намудани ин кор осон набуд.

 

Вақте сухан дар мавриди таъсиси телевизиони нав меравад, муқоисаи ду факти таърихӣ ҷолиби диққат аст. Мохи декабри соли 1986 Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қароре қабул менамояд, ки мутобиқи он бояд дар давоми чор сол то моҳи декабри соли 1990 дар се вилояти ҷумҳурӣ студияҳои телевизионӣ ба фаъолият оғоз кунанд. Ҳанӯз Иттиҳоди абарқудрати шӯрави пойбарҷост, робитаҳои байни ҷумҳуриҳо хубанд ва мушкилоте мавҷуд нест. Ин аст, ки мутобиқи қарори мазкур ба ҳар як вилоят дар ҳудуди 5 миллион сӯм маблағ ҷудо мешавад. Аммо танҳо 15 декабри соли 1990 як студияи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд ба пахши барномаҳо оғоз мекунаду халос. Барои насби таҷҳизоти техникӣ ва ба таҳияи барномаҳо шурӯъ намудани он низ 1 солу 7 моҳ лозим омад.

Аммо бо талошҳои пайгирона ва маҳорату кордонии кормандони  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои азнавсозӣ ва таҷҳизонидани техника дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар тӯли панҷ моҳ ба субут расонида шуданд. Омили муҳим дар ин бахш сарҷамъии кормандон ва мусоидати роҳбарияти Кумита барои оғози фаъолияти шабакаи нави телевизионӣ буд. Нақшаҳо омода ва кори амалӣ оғоз шуд.

Ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ, пояндагӣ 

Қарор шуд, ки телевизиони нав дар бинои собиқ филармонияи давлатӣ, ки дар кӯчаи Бухоро ҷойгир буд, бунёд гардад. Моҳи апрели соли 2005 аввалин тахтаи фарши кӯҳнаи ин бино канда шуд. Мақсад бунёдгузории шабакаи нави телевизионӣ. Аммо ин мақсади наҷибро на ҳама истиқбол кардан мехостанд. Гурӯҳе бо шубҳа, бархе бо ҳисси навмедӣ бо ҳар баҳона мехоҳанд канораҷӯӣ кунанд. Вале ташаббус ва ҷасорати як гурӯҳ кормандони масъули Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  навмедиҳоро барҳам мезанад ва роҳнамои ҳамагон мегардад. Ситоди корӣ нақшаҳоро мушаххас сохт ва фаъолият оғоз шуд. Гарчӣ нияти аъзои он ягона буд, аммо касе гумон ҳам намекард, ки дар як муддати кӯтоҳ он ҷомаи амал мепӯшад. Зеро пурра дигаргун сохтани бино, мутобиқи шабакаи телевизионӣ намудани он, дастрасии таҷҳизоти замонавӣ, насби онҳо. кори осон набуд. Вале дастгирии роҳбарияти ҷумҳурӣ, хусусан Чаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон расиданро ба кӯи мурод осон намуд ва ҳам садҳо шабҳои бехобӣ, матонати комил, ташаббус, аз ҳама асосияш мақсади созандагиву бунёдкории мутахасисони тоҷик собит намуд, ки аз орзу то амал фосила дур нест.

Маҳмадсаид Шоҳиён, нахустин роҳбари ТВ “Сафина” (дар миёна)

Собиқадори соҳа, собиқ муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулатиф Саидов дар филми «Сафинаи мурод» таъкид сохтааст, ки муҳимтарин чиз дар ин давра ваҳдати тамоми кормандон буд. Вақте  аз ман пурсиданд, ки оё метавонем дар заминаи бинои собиқ Филармонияи давлатӣ студияи дуввуми телевизиониро ба кор андозем. Ман гуфтам, ки метавонем агар маблағгузорӣ сари вақт бошад ва дуруст бошад. Пасон ситод ташкил шуд ва ҳамаи мо бо як мақсад – ҳарчӣ тезтар ба истифода додани шабакаи дуввуми телевизионӣ кӯшиш намудем.

Дар муддати аввал ин шабака то 40 фоизи қадамрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад. Сониян мавҷи онро то 60 фоизи аҳолӣ қабул мекунанд. Аз моҳи январи соли 2006 тавассути моҳвора ин каналро на танҳо дар хориҷаи наздик, балки дар кишварҳои дур, ба монанди Аврупову Осиё низ тамошо карда метавонанд.

Таъминоти техникӣ

Ҳама дар рузномаву мачалла, дар сӯҳбату ҷаласа аз он хусус  сухан меронданд, ки техникаи телевизиони тоҷик кӯҳнаву фарсуда аст ва онро эҳё намудан барояшон чун кашфи амрикои нав метобид. Аммо мутахассисони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар андешаи ворид намудани технологияи муосир буданд. Ва ниҳоят он рӯз ҳам фаро расид. 23 июли соли 2005 вақте таҷҳизоти муосири телевизионӣ вориди шабакаи нав гардид, хурсандии ҳамагонро ҳадди канор набуд. Зеро акнун дигар ба фаъолияти густурда чизе монеъ шуда наметавонист. Воқеан ҳам онро рӯзро наметавон фаромӯш кард. Зеро бори аввал навтарин таҷҳизот ворид мешуд. Аз ҳама муҳим ва асосиаш ин буд, ки мутахассисони тоҷик худ ин таҳизотро насб карданд. Аммо дастоварди асоситарин ин насби Студияи сайёри телевизионӣ буд. Акнун пахши барномаҳои телевизионӣ бо сифати баланд имконпазир шуд. Собиқ директори маркази техникӣ Суҳроб Алиев аз он рӯзҳо чунин ёд мекунад: Мутахассисони тоҷик исбот намуданд, ки қодиранд аз ӯҳдаи тамоми умури насбу таҷҳизонӣ бароянд. Дар ибтидо нақша буд, ки мутахасисони русро даъват намоем. Аммо чун ин иқдом хароҷоти зиёдеро талаб мекард, мо бо ҳавасмандии бештари мутахассисони тоҷик онҳоро дилгарм  намудем ва натиҷа ин шуд, ки тамоми таҷҳизоти техникӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаамон насб гардид. Вақте интихоби формати пахши барномаҳо дар миён омад, мо Дивикамро интихоб намудем, ки пешқадамтарин намуди пахши барномаҳои телевизионӣ буд.

Самад  Ҳикматов- собиқадори телевизион, ки  тамоми умри худро дар ин соҳа сарф кардааст, мегӯяд:  Ростӣ ин орзуи ҳамаи собиқадорон ва кормандони соҳаи телевизион буд, ки шабакаи  нав кушода шавад. Хушбахт аз он ҳастам, ки дар оғози фаъолияти он саҳми ночизи худро гузоштаам.

 Зӯри мушт дар даҳ ангушт 

Ҳамзамон бо он ки корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани техника пеш мерафтанд, бо мақсади таъминоти кормандони оянда дар баробари як қатор иншооти иҷтимоӣ бунёди ошхонаи ҳозиразамон аз сифр оғоз гардид. Кормандони телевизион, радио, киностудияи «Тоҷикфилм», маркази миллии санъатҳои аудиовизуалии телевизион, радио ва кино, муассисаи давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» ва умуман кулли кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар гоҳе дар ин толори барҳаво тановул карданӣ шаванд, ба ёд меоранд, ки чи тавр ҳар кадом бо дили гарм ҳар хишти ин бинои мӯҳташамро гузоштаанд. Он рӯзҳо ҷойи қаламро каланд гирифта буд ва эҷодкорон исбот намуданд, ки на танҳо метавонад аз бунёдкорони иншооти стратегӣ мусоҳиба гиранд, балки худ низ чун онҳо ҳиссагузор бошанд. Воқеан, ҳамаи кормандони эҷодӣ саҳм гузоштаанд. Яке хишт мекашад, дигарӣ бетон мешӯрад, гурӯҳи калони кормандон қатор истода хиштҳоро дастибадаст ба сохтмончиён мерасонанд.

  Кормандони Кумита нақши гузоштаи падару бобоёни худро дар иншооти муҳиму стратегии замона ба тавассути ҳашарҳои умумихалқӣ агар дар навори кино дида бошанд, дар бунёди Муассисаи давлатии Телевизиони «Сафина» худ шоҳиди чунин бунёдкориҳо шуданд.

Муҳим он буд, ки аз коргар то роҳбар ҳама бо як мақсад – ҳарчӣ зудтар ба субут расонидани ин иншоот саҳмгузорӣ карданд. Воқеан тамоми хароҷоти шабакаи нав асосан аз ҳисоби маъмурияти бахши тиҷоратӣ буд ва мутобиқи нақшаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири соли 2005 маблағгузории шабакаи нав низ аз ҳисоби маблағҳои бахши тиҷоратӣ ба роҳ монда шуд.

Оғози фаъолият

Панҷ моҳ дар назди таърих фосилаи тӯлонӣ нест. Аммо барои кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин муддат аз он низ камтар буд. Зеро дар ин як саду панҷоҳ рӯз кори зиёде бояд ба субут мерасид. Инак, ранҷи кашида ганҷ оварда ба соҳили мурод. Сафинаро тавлид намуда, ки он мубаллиғи дастовардҳои кишвари азиз гардида, муаррифгари давлати соҳибистиқлоли мо мешавад, бо оғози пахши барномаҳои он саҳифаи фаромӯшнашавандаи ҳаёти фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз мегардад ва дар китоби таърихи кишвари соҳибистиклоли мо бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи 3 сентябри соли 2005 барномаҳои телевизиони Сафинаро ҳусни оғоз бахшиданд. Дар паёми табрикии худ сарвари давлат оғози фаъолияти шабакаи нави телевизиониро марҳилаи нави рушди фарҳанг унвон карда, ҳамаи эҷодкоронро барои ҳамкорӣ бо ин шабакаи навтаъсис даъват карданд. Пасон, роҳбари давлат бо утоқҳои корӣ, студияҳои сабт ва пахши барномаҳо ошно гардида, бо иштирокчиёни аввалин шоуи телевизионии «Истиқбол аз истиқлол» ки зиёиёни саршиноси мамлакат буданд, мулоқоти самимӣ анҷом дод.

Ифтитоҳи шабака бо ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан, дар ин барномаи мустақим зиёиён Меҳмон Бахтӣ, Аслиддин Низомов, Мамадшо Илолов, Мӯсо Диноршоев, Абдуқодир Маниёзов, Худоназар Асозода, Зулфия Атоӣ, Абдулҳамид Самадов, Камол Насрулло, Вафо Назаров, Асадулло Саъдуллоев, Пайванди Гулмурод, Гулназар, Ҷонибек Акобиров,  Сабзаалӣ Шарифов, Толиб Шаҳидӣ иштирок намуда, дар баробари изҳори хушнудӣ аз таъсиси шабакаи нави фарҳангӣ оид ба дстовардҳои аҳли зиё дар даврони истиқлолияти давлатӣ суҳбатҳои ҷолиб карданд.

Аввалин барномаи иттилоотии «Навид»-ро Нуралӣ Шоқурбонов пешниҳод сохт. Тавре худи Нуралӣ нақл мекунад  «бегоҳии рӯзи 3 сентябр папкаи барномаи иттилоотӣ омода шуда буд, вале чун субҳи барвақт  ба кор омадем, папка ноайён ғайб зада буд. Ин шӯхӣ буд ё чизи дигар то имрӯз муаммост, аммо хеле дасту похӯрда шудам. Хайрият ки варианти дигари барнома дар дасти собиқ ёвари раиси Кумитаи телевизион ва радио будааст, ки аз ин вазъият берун шудем ва чун наттоқи аввалини телевизиони  Сафина барномаи хабариро пешниҳод сохтем.»

Кӯлвори пурбори Сафина

Аз рӯзҳои аввали фаъолият эҳсос мешуд, ки барномасозӣ дар шабакаи нави телевизионӣ фарқ дорад ва тарзи пешниҳоди барномаҳо ҳам аз истиқлолияти эҷодии кормандон шаҳодат медод. Пеш аз ҳама  Сафина минбаре гардид, ки дар он барномаҳои диданӣ дар жанрҳои гуногуни журналистӣ пешниҳод мешуданд ва ҳаводор пайдо мекарданд. Ба вуҷуд омадани силсилаи ток – шоуҳои телевизионӣ, барномаҳои муаллифӣ ва намоишҳои таҳлилӣ доираи тамошобинони ин шабакаро зиёд ва ҳаводоронашро меафзуд. Ҳар барнома аз ҳамдигар бо тарзи ҷолиби пешниҳоди матлаб, жанр ва кайфияти эҷодӣ фарқ мекард.

Агар дар силсилаи барномаҳои гуфтугӯйии «Биёед, бигӯем» муҳимтарин проблемаҳои ҳаёти фарҳангии кишвар рӯшод изҳор мегардид, дар барномаи  «Нози хаёл»  суҳбатҳои ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод мешуданд. Барномаҳои «Нигоҳи дигар», «Чашми рӯз», «Сафо», «Шабчароғ», фурузина, «Дар меҳмонии Сафина», «Шаҳди садо» ва даҳҳо барномаи дигар фазои рақобати солимро таъмин карда тавонистанд. Тарзи пешниҳоди барномаи субҳонаи шабакаи навтаъсис низ дигаргуна буд ва ба зуддӣ машҳур шуд. Нигина Муминова, Фирӯзаи Саид, Холмаҳмад Мавлонов, Абдумачид Усмонов,Орзу Исоев, Зевар Давлатова, Раҳматулло Камолов, Талабшо Муқимов аз зумраи аввалин муаллифону муҳаррирони барномаҳои телевизионӣ буданд.

Телевизиони Сафина аз ҷиҳати ороиши барномаҳо, дизайни студия ва банду басти барномасозӣ фарқ мекард ва дар ин ҷода заҳмати коргардонҳои он Носир Саидов, Маъруф Оқилов, Фируз Бахтибеков, Ҷамшед Шоев, Музаффар Рахматов  ва дигарон хотирмон буд.

 

Баъдан ин анъанаҳои нек дар барномаҳои «Парниён»,»Фурӯзина», «Лаззат», «Паймон», «Аноҳито», «Рисолаи таърихӣ», «Шоми меҳр», «Файзи саҳар», «Эҷод», «Чашми рӯз», «Насли оянда» ва садҳо барномаи дигар идома ёфта, бо гуногунии жанрҳо ва тарзи ҷолиби пешниҳоди матлаб фарқкунанда буданд.

Лозим ба ёдоварист, ки маҳз тавлиди Телевизиони «Сафина» ба такомули барномаҳои муаллифи телевизионӣ замина гузошт. Чунин барномаҳо аз тарафи бинандагон хуш пазируфта шуданд ва ин боиси маҳбубияти бештари шабакаи нави телевизионӣ гардид. Ҷалби мардум ба ток-шоуҳо боиси вусъати афкори онҳо шуда, иштироки зиёди мардумро дар барномаҳои калонҳаҷм мушоҳида мекардем. Ҳатто мардум пул дода дар барномаҳои ин шабакаи телевизионӣ иштирок мекарданд. Ҳамаи ин далел аз он буданд, ки бо таъсиси шабакаи дуввуми телевизионӣ рақобат дар фазои иттилоотии кишвар зуҳур намудааст. Дар ҳамин вақт дар шабакаи Телевизиони Тоҷикитсон низ теъдоди барномаҳои ҷолиб якбора зиёд шуд. Зеро рақобати солими ду шабака ногузир тақозои барномаҳои баландсифату баландмазмун ва пурмуҳтаворо дошт. Чунки бинанда алаккай имкони интихоб дошт.

 Давоми фаъолият таваҷҷӯҳ ба ҳаҷв ва барномаҳои ҳаҷвӣ хеле зиёд аст. «Шухиҳои Аловиддин», «Гуем ё нагуем» ва даҳҳо барномаи дигар маҳз тавлиду пешниҳоди телевизиони Сафина мебошанд. Ҷалби ҳунармандони саршинос ва ҳаҷвнигорони ҷавон дар зери боми Сафина толори бузурги ҳаҷву мутоибот ва хандаву шухиро эҳё кард.

Имрӯз низ барномаҳои телевизионии «Муждаи эҷод», «Пайроҳа», «Қадамҷо», «Соя», «Вожазори маънӣ», «Шоми ғазал», «Дар ин замона», «Хатсайр», «Замзамаи меҳр», «Толори оинаҳо», «Асолат», «Шитоб», «Ҷаҳонзеб» ва даҳҳо лоиҳаҳои ҷолиби телевизионӣ аз ғановати бузурги кӯлвори эҷодии кормандони ТВ Сафина гувоҳӣ медиҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин давра лоиҳаҳои «Шоирона», маросими ҷоизасупории «Беҳтарин» ва дигар лоиҳаҳои телевизионӣ боиси кашфи истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи фарҳанг гардиданд ва барои доираи васеъ муаррифӣ шуданд.

Зинае тай шуд, зинаҳо дар пеш

Инак, 15 сол мешавад, ки телевизиони Сафина меҳмони хонадони тоҷикистониён ва тоҷикони хориҷи кишвар аст. Иқдоми наҷиби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таъсиси шабакаи фарҳангиро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои рушду нумӯи он сохторҳои марбутаро муваззаф намуданд, имконият фароҳам овард, ки фаъолияти муназзами шабакаи нави телевизионӣ таъмин гардад. Телевизиони Сафина мубаллиғи фарҳанг ва муаррифгари кишвари фарҳангпарвари мо гардид.

Понздаҳумин солгарди таъсиси  шабакаи телевизионии Сафина ҳамаи кормандони эҷодиву техникӣ ва ҳайати хизматрасони онро табрик мегӯем ва барояшон қалами сабзи саршор аз илҳом таманно дорем.

Тамошобин ва дӯстдораш бошед!!!

Зинатуллоҳи Исмоил 

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.