Зинатуллоҳ Исмоилзода

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,
Директори Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон”.
Номзади илмҳои 

Исмоилзода Зинатулло Бурҳон. 18 майи соли 1972 дар ҳозира шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 1994 факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло  хатм намудааст.
Фаъолияти журналистиаш ҳанўз замони донишҷўйӣ дар идораи барномаҳои иқтисодии Радиои Тоҷикистон оғоз гардидааст. Яке аз муаллифони барномаи таҳлиливу иқтисодии «Насими айём» буд.

Баъдан ба сифати сармуҳаррири идораи барномаҳои иқтисодӣ ва муовини директор дар шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон дифои вазифа намудааст.
Муаллиф ва барандаи намоишҳои иқтисодии «Паҳно”, «Арса», «Хазина» буда, барои филми телевизионии «Бахти шӯри Шӯроб» соли 2003 сазовори Ҷоизаи ИЖТ ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ гардидааст.

Аз соли 1993 то соли 1998 муҳаррири идораи иқтисодии Радиои Тоҷикистон, аз соли 1998 то соли 2001 сармуҳаррири идораи иктисодии Телевизиони Тоҷикистон, аз соли 2001 то соли 2004 муовини директори Телевизиони Тоҷикистон буд.

Аз соли 2004 то соли 2006 Ёвари Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2006 то соли 2015 Директори телевизиони “Симои мустақили Тоҷикистон”.

Соли 2006 телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон»-ро таъсис дод, ки аз 18 июни соли 2007 ба пахши барномаҳояш шурӯъ карда, баъди чанде аз фаъолият бозмонд.

Аз моҳи ноябри 2015 сол то ҳоло Директори Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” мебошад.

16-уми январ дар Анҷумани XIV-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳамаи вакилон ба тарафдорӣ аз номзадии ӯ овоз дода, раиси ИЖТ интихоб намуданд.

Ҳамчунин муассиcи Ассосиатсияи  дастраскунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ  буда,   узви раёсати он мебошад.

Моҳи январи соли 2020 дар мавзӯи “ОҲАНГИ ИҶТИМОӢ ДАР ПУБЛИТСИСТИКАИ МУОСИР” (дар мисоли публитсистикаи Асадулло Саъдуллоев) рисолаи номзадӣ ҳимоя карда,  соҳиби унвони номзади улуми филология аз руйи тахассуси журналистика шудааст.
Оиладор мебошад.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.