Зиндагӣ дар вагон. “Ҳусноро бояд аз маҳалла биравад, вале ба куҷо, намедонад”. ВИДЕО

Ҳусноро Солеҳова, сокини ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ҳамроҳи ду фарзанди ноболиғаш дар вагон зиндагӣ мекунад, аммо нигарон аст, ки ҳар лаҳза метавонанд онҳоро аз ин “манзили муваққатӣ” берун кунанд. Ин зани 48-сола се соли ахир фарзандонашро ба танҳоӣ ва бо музде, ки аз шустушӯйи қолин ва поксозии манзили сокинон ба даст меорад, калон мекунад. Мегӯяд, шавҳараш онҳоро “партофтааст”.

“Онҳо либосу хӯрок мегӯянд, шароити гирифтани хонаи иҷора надорам. Ҳар рӯз маро аз ин маҳалла меронанд, мегӯянд, ин ҷо ҷойи трансфарматор аст. Аз маҷбурӣ дар инҷо истодаам, агар хонаву дар медоштам, дар қади роҳ зиндагӣ мекардам?” – гуфт ӯ.

Ҳусноро Солеҳова нақл кард, ки аз даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ аз ноҳияи Тавилдараи собиқ, ҳоло Сангвор, бо волидонаш фирор карда, дар Душанбе ҷойгир шуд. Баъдан дар инҷо бо марде издивоҷ карда, ду духтар ба дунё овард, вале зиндагии якҷоашон дер давом накард.

“Шавҳарам маро талоқ доду рафт. Мо дар хонаи волидон мезистем, вале пас аз фавти падару модар дигар натавонистем дар онҳо бимонем. Муддате хонаеро ба иҷора мегирифтем, аммо камбуди маблағ имкон надод чунин тарзи зиндагиро пеш барем. Се сол пеш хешовандон барои мо ин вагонро таъмир карда, ҳамчун ҷойи зист тӯҳфа карданд”, — гуфт ӯ.

Ҳоло ин зан якҷо бо ду духтари мактабхонаш дар маҳаллаи мавсум ба “Табачка”-и ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҷануби пойтахти Тоҷикистон зиндагӣ мекунад.

Ҳусноро Солеҳова мегӯяд, бо шавҳари собиқаш ҳеҷ иртибот надорад ва ӯ дар тарбияи фарзандонаш саҳме намегирад. Рӯзе, ки барои сӯҳбат бо Ҳусноро Солеҳова рафтем, вай озими ҳавлие дар қисмати марказии Душанбе шуд, то барои шустани чанд қолине ба соҳибхона ёрӣ кунад. Солеҳова мегӯяд, дар фасли тобистон барои қолиншӯйӣ рӯзе то сад сомонӣ пайдо мекунад, аммо бо фарорасии фасли сармо, гоҳ-гоҳе барои тамизкорӣ ба хонаи мардум даъват мекунанд ва маоши зиёде ба даст намеорад.

Ҷомеашиносон мегӯянд, бо гузашти беш аз бист соли анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ то ҳол сокинон паёмадҳои онро дар зиндагии худ сахт эҳсос мекунанд. Шаҳноз Комилзода, ҷомеашиноси тоҷик ба ин назар аст, ки мушкили занҳои танҳо ва бесаробон танҳо хоси занҳои замони ҷанг нест.

Ӯ афзуд, “мушкили асосӣ мушкили иҷтимоии худи кишвар аст. Мушкили дувум сари бесаводии занон аст. Аммо мушкили калонтарин мардҳо ҳастанд. Ва мушкили дигар падарон ҳастанд, ки намегузоранд духтаронашон соҳиби илму савод шаванд”,-гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Ҳусноро Солеҳова нигарон аст, ки сарнавишти вай ва вагону кӯдаконаш чӣ мешавад. Зеро, мақомот ва сокинон даъво доранд, ки ӯ бояд аз маҳалла биравад, вале ба куҷо, маълум нест. Хонум Солеҳова ба умед аст, ки мақомот ё сарватманде ба мушкили ӯ расидагӣ мекунанд ва дар ниҳоят соҳиби манзили қонуние мешавад, то ду духтараш тавонанд дар мактаб таҳсил дошта бошанд.

Занҳое бо сарнавишти монанд ба Ҳусноро Солеҳова дар Тоҷикистон кам нестанд. Дар баъзе аз маврид, мақомоти кишвар ё созмонҳои хайрия дар зиндагии онҳо кумак мекунанд, вале дар шароити бӯҳронӣ расидагӣ ба мушкилоти занҳои бесарпаноҳ душвортар шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.