Зиёда аз 5 ҳазор нафар дар Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 14.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ифтихори иди Наврӯзи байналмилалӣ Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ баргузор гардиданд. Дар Дав ва веломарофони имсола зиёда аз 5 ҳазор нафар фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, намояндагони  тамоми сохторҳои давлатӣ фаъолона иштирок доштанд.

Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедрониро Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода ифтитоҳ намуда,  доир ба ҳадафи чорабинӣ ва тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти рушди варзиш ва солимгардонии ҷомеа ибрози андеша намуд.

Ба ғолибон ва иштирокчиёни ин мусобиқаи варзишӣ диплому ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи олимпӣ тақдим карда шуданд.

Дар ин мусобиқаҳо, аз ҷумла кормандони АМИТ «Ховар» низ дар қатори дигар иштирокчиён ширкати фаъолона намуда, сазовори диплом гардиданд.

Бояд гуфт, ки мусобиқаҳои варзишии мазкур бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили бошукуҳи Иди байналмилалии Наврӯз, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим доир гардиданд.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Носир Бозоров изҳор намуд, «имрӯзҳо ин мусобиқаҳои варзишӣ барои обу тоби бадан ва  солимгардонии аҳолӣ дар сар то сари ҷумҳурӣ доир мегарданд, ки баргузории ин гуна чорабиниҳо барои таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонию варзиш ва ташвиқу тарғиби ҳаёти солим равона гардидаанд».





Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.