Зодрӯзи адиби серсоҳа, рӯзноманигори пурмаҳсул ва қаламкаши маҳбуб Адаш Истад

Дар майдони ҳунар на ба ҳама қаламкашон муяссар мешавад, ки дар тӯли тамоми солҳои фаъолияти эҷодӣ маҳбубияти худро миёни хонанда на танҳо ҳифз намояд, балки ҳамвора афзояд ва дар дилу дидаҳо ҷой бигирад,  барои илму адаб хидмати шоиста кунад. Ба иттифоқи аксари оро адиб ва рӯзноманигори шинохта устод Адаш Истад аз ҷумлаи ҳамин гуна қаламкашони нодири адабу фарҳанги мост. 

Нависанда, шоир, дромнавис ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, дорандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  Адаш Истад 7 сентябри соли 1946 дар деҳаи Уташиқи ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд ба дунё омадааст.
Пас аз хатми факултаи суханшиносии таҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба Душанбе меояд ва фаъолияти худро соли 1969 дар рӯзномаи” Комсомоли Тоҷикистон” шурӯъ намуда, сипас дар шӯъбаҳои гуногуни радио ва  рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” то вазифаи муовини сармуҳаррир кор кардааст.
Ӯ дар солҳои мудҳиш ва бесару сомони ҷанги шаҳрвандӣ, хор гардидани қимати сухан ва суханвар ва ба қатл расидани як теъдод равшанфикронон аз ҷониби силоҳбадастон  соли 1993 Тоҷикистонро тарк намуд ва  ба Самарқанд баргашта, фаъолияти худро дар идораи “Овози Самарқанд” ва рӯзномаи ” Овози тоҷик” давом дода, дар айни замон бознишаста аст ва ба кори эҷодӣ машғул мебошад.
Дар Самарқанд марҳилаи нави фаъолияти эҷодии Адаш Истад оғоз шуд. Ӯ дар баробари таълифи ҳикояву очерк дар эҷоди шеър ҳам муваффақ шуд ва дар бораи Самарқанд ва таъриху фарҳанги он силсилашеърҳо эҷод намуд.
Адаш Истад ба адабиёт бо таълифи ҳикояҳои фантастикӣ ворид шуд ва  дар пайдоишу ташаккули ин жанр дар адабиёти тоҷик ҳисса гузошт. Ӯ ҳамчунин бо эҷоди “Парвози меъмор” ва “Чароғи сеҳрнок” ба жанри  афсонаи бадеӣ асос гузошт.
Адаш Истад ҳангоми кор дар радио радиопйесаи “Таркиш”- ро навишт, ки радиоспектакли он дар хазинаи радиои Тоҷикистон маҳфуз аст. Минбаъд мазҳакаҳои ӯ “Хӯса” ва “Шайтонпарӣ” ва як қатор саҳначаҳои ҳаҷвии ӯ рӯйи чоп омаданд ва ба саҳна гузошта шуданд.
Дар жанри таърихнигорӣ силсилаи “Ҳикояҳо аз рӯзгори Борбад” бо вежагии нигориш ва услуби хоси тасвир аз дигар асарҳои таърихӣ фарқ доранд.
Эҷоди ҳикояҳои ҳаҷвӣ ҷанбаи дигари эҷодиёти Адаш Истад ба ҳисоб меравад. Дар ҳикоя ва саҳначаҳои “Домоди якрӯза”, “Даҳон”, “Иқтисоди бозор дар оила”, ” Бузҳо ва гӯсфандон”, “Кучукотона ман газидам” жанри ҳаҷву мазҳака бо ҳам омадаанд.
Адаш Истад бо таълифи силсилаҳикояҳои “Саргузашти нахӯдак” дар рушди адабиёти кӯдак ҳам саҳм гузоштааст. Солҳои бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ фаъолияти публитсистии Адаш Истад васеъ мегардад ва силсилаи мақолаву очеркҳои ӯ дар бораи эҳё ва посдории  забон, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ ба Мукофоти давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сарфароз гардиданд.
Маҳсули эҷоди Адаш Истад дар маҷмӯаҳои “Мавҷи хаёлот”, ” Суруди офто6″, ” Замир”, ” Дарахти пахтачормағз”, ” Баъди ҳазор сол”, ” Оҳангҳои Самарқанд” ва ғайра гирд оварда шудаанд. Осори манзум ва мансури адиб ба бисёр забонҳои олам тарҷума шудаанд.
Имрӯз, 7 сентябр адиби шинохта ва маҳбуб, нависанда, шоир, ва рӯзноманигор устод Адаш Истад зодрӯз доранд. Мо ин рӯзи хуҷастаро ба соҳибҷашн муборакбод мегӯем ва ба устоди қалам сиҳатмандӣ, осоиш ва армуғонҳои  тозаи эҷодиро орзу мекунем.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.