Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён: Андар зулми гуруҳӣ дар баробари пирмарди 80-солаи тоҷик (ислоҳшуда)

Ҳукми барои 5 сол зиндонӣ кардани собиқ узви Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон Донаёр Набиеви 80-сола аз мавзуҳои аслии ҳафта мебошад, ки  тақрибан бидуни эҳсос дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ намешавад. Коршиноси расонаӣ Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён ин қазияро зулми гуруҳӣ дар баробари як инсон медонад, ки дар баробари он бояд тадбир ҷӯст:  

  • Ҳам аз нигоҳи қонунӣ ва ҳам инсонӣ дар ин қазия сухан аз зулму беинсофӣ дар баробари як шаҳрванд, як инсон  ва як пирмарди ҳамватани мо меравад. Зулми ду ҷабҳа, ду гуруҳи сиёсии айни ҳол оштинопазир, ки сатҳи маърифати сиёсӣ ва усулҳои муборизаи сиёсии худро хеле барҷаста ба намоиш гузоштаанд.
  • Шакке нест, ки Додгоҳи ноҳияи Исмоил Сомонии шаҳри Душанбе дар чорчуби хостаҳои мақомоти қудратӣ дар баробари ин муйсафед ҳукми зиндон содир карда, аз зулм кор гирифтааст.  Ҳатто агар ҳодисаи ҷиноят, яъне додугирифти молӣ бо ташаккули террористӣ дар ин қазия ҷой дораду дар додгоҳ собитшуда аст, ҳукми зиндон дар баробари пирмарди 87-сола ҷазои номувофиқ ва  зулм аст.  Зеро муйсафеди 80- солаи мазҳабӣ ҳич таҳдиде барои амнияту субот ва пойдории давлати Тоҷикистон буда наметавонаду Қонуни асосии Тоҷикистон ҳифзи кӯдакону занон ва муйсафедонро хоса таъкид кардааст. Додрас инро нодида гирифтааст, аммо ёрони собиқу ҷомеаи тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ инро нодида гирифта наметавонад. Рафтори ҳукумат ва пуштибонии иттилоотӣ аз ин амал маҳкумшаванда аст.
  • Зулми ҷониби дигар аст, ки як инсони ба сину сол шарифро вориди додугирифти моливу пулии ҳизбӣ дар шароити бисёр сахти сиёсӣ кардаанду дар чор моҳ ин пирамарди гумонбаршуда ҳимояи муносиб надошта ва ҳич намояндаи қонунии ӯ дар бораи қазияи ӯ изҳори назар накардааст. Танҳо баъди ба масал “гузаштани корд аз устухон” шуру валвалаи нисбӣ бардоштаанду бас.
  •  Ҷониби ҳукумати худкома бо сиррӣ кардани ин парванда оҷизии сиёсӣ ва моҳияти ғайриинсонии корзорҳои зидди мухолифону дигарандешонро ошкор кардаву ҷонибиҲНИТ  бо таблиғоти дуруғин фурсатгаро будани худро, ки боиси таасуф аст.
  •  Аз ҳамсоягии чандинсолаи дафтари “Нигоҳ” бо зиндон дар шаҳри Душанбеву қазияҳои дӯстону шиносҳо, аз ҷумла рӯзноманигорон медонам, ки барои “бурдани меваю гӯшт” ба ҳар навъе аз зиндониён ҳич касеро муҷозот намекунанд. Чунин таҷриба ва фарҳанг дар низоми зиндондории тоҷикон мавҷуд нест.
  •  Вақте писари Сангак Сафаров ё фарзанди Салмон Лангариев хостори ба зиндон овардани 100 санбуса, зиндонии сиёсӣ Зайд Саид 300 дона манту ё ҳимоятгари маъруф Бузургмеҳр Ёров 20 баста дорувор ё 100 қалам мешаванду наздикону ёронашон таҳия мекунанд,  маъмурони зиндон қабул мекунанд. Ҳарчанд возеҳ аст, ки ин мавод  барои як кас нест.  Тартиби мавҷударо зери по карда, қабул мекунанд. Ҳич аҳаде, хоса барои дарозмуддат ин корро манъ карда наметавонад. Чун ҳама медонанд, ки ғизо дар боздоштгоҳову зиндонҳои Тоҷикистон барои ҳама бошандагони ин ё он бахши он аст. Оини зиндониёни тоҷик даҳсолаҳо боз ҳамин асту мемонад. Ҳукумату раҳбарон дигар мешаванд, ин қоидаи нонавишта не.
  •  Бояд таъкид кард, ки ҳарчанд паҳлуҳои норушани ин қазия зиёданд, ҷомеаи мадании Тоҷикистонро бубояд, ки барои ҳалли мусбати ин мушкил камар бубанданд.
  • Мутаассифона, “муқовимати  фейсбукиву ютубии” ин ду гуруҳи сиёсӣ ба ҳадде расида, ки ду соли ахир духтарону ҳамсарону падарони ҳамдигаро ба истеҳзо мекашанду бадгӯӣ мекунанду таъқиб. Аммо сиёсат, ки ин нест ва нахоҳад буд. Заҳрогин шудани муҳит ва афсурдагии ҷонибҳои даргир хуб эҳсос мешавад. Пас тадбир бояд ҷӯсту донист, ки илоҷе ҳам ба ҷуз итоат ба қонун ва такя ба ахлоқи ҳамида нест. Миллате, ки навадуанд дарсадаш худро мусулмон медонанд, бояд ба ин нукта бирасад ва дастбакор шавад.
  • Ба назарам, ҳоло гӯй дар майдони ҳукумат аст ва мақомот бояд тасмим бигиранд. Ҳамватанони ифротиямон ҳам  бояд аз сиёсати “тару хушкро сӯзонидан” даст бикашанд ва дар баробари духтарону ҳамсарону падарони мухотабони худ аз зулму беинсофӣ кор нагиранд.
  • Агар ин ду ҷониб заррае одамдӯст бошанд бояд ба ин шеваҳои носолими бархурд хотима диҳанду Маҳмурод Одинаев, Донаёр Набиев ва рӯзноманигори зиндонӣ Далер Шарипов фавран озод шаванд. Агар на, инқирози гуруҳӣ сартосарӣ шуда, сари аксари сарварону фаъолони ҳарду гуруҳи даргирро мехӯрад. Ҳади аққал ба худашон бояд раҳм кунанд. Ҷомеаи тоҷик  бе “падарандару” “чалламулло” ҳам ором-ором рушд мекунад. Зулму ҷабри муғулу арабу манғиту болшевики русро, ки паси сар кардааст, инҳоро ҳам пушти сар хоҳад кард, ҳатто агар дар гарданаш савор ҳастанд.

MediaMarker

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.